Декабр 22, 2020 14:16 Asia/Dushanbe
  • минтақаи Қарабоғ
    минтақаи Қарабоғ

Русия борҳо дар бораи мухотироти амниятии ношӣ ҳузури террористҳои ифротгаро дар ин кишвар ва кишварҳои ҳавзаи хориҷи наздик ҳушдор додааст. Акнун тадовуми ҳузури ин афрод дар ҷанги Қарабоғ ва табаоти ҷиддии он мӯҷиби ҳушдори дубораи Маскав дар ин замина шудааст.

Олег Сиромолотов, муовини вазири хориҷаи Русия рӯзи душанбе хостори хурӯҷи террористҳо ва муздурони хориҷӣ аз минтақаи Қарабоғ шуда ва таъкид кард: «набояд муздӯрони хориҷии ифротгаро дар ин минтақа ҳузур дошта бошанд, ширкати ҷангҷӯён ва террористҳо аз минтақаи ғарби Осиё дар иқдомоти ҷангӣ дар минтақаи Қарабоғ воқеъияте сабт шудааст ва ин воқеъият на фақат аз сӯи мо, балки кишварҳои дигар таъйид шудааст.»

Ҳушдори ин мақоми аршади русӣ нишон медиҳад, ки пас аз барқарории оташбас дар ҷанги Қарабоғ дар 10 ноябр байни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон бо миёнҷигарии Русия ва имзои баёнияи сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва нахуствазири Арманистон, ҳануз ҳам афроди ифротгаро дар Қарабоғ ҳузур доранд. Русия шумори ин террористҳоро ҳудӯди ду ҳазор нафар баровард кардааст.

Нигаронӣ дар бораи ҳузури афроди ифротгаро дар Қарабоғ беш аз инки ба ҷанг дар ин минтақа муртабит бошад, бештар ношӣ аз дағдағаҳои ношӣ аз тадовуми ҳузури онҳо дар ҷумҳурии Озарбойҷон бавижа дар манотиқи марзии наздики Эрон ва низ эҳтимоли густариши ҳузури онҳо дар Қафқози Ҷанубӣ ва дар марҳалаи баъдӣ Русия аст. Ин масъала мӯҷиби нигаронии шадиди Маскав шудааст.

Сергей Наришкин, раиси иттилооти хориҷии Русия чанде қабл дар ин бора гуфт, минтақаи Қарабоғ мумкин аст ба дарвозаи вурӯди созмонҳои террористии байналмилалӣ ба кишварҳои минтақа аз ҷумла Русия табдил шавад.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ рӯзи ҷумъа дар иҷлоси видеоконфронси сарони ҷомеъаи Ҳамсӯд дар суханоне таъкид кард, ки муноқиша ва ҷанг дар Қарабоғ хатари тарвиҷи терроризм дар минтақаро ташдид кардааст.

Русия ҳамакнӯн низ дар ҷумҳуриҳои худмухтори худ дар Қафқоз ҳануз бо таҳдидоти террористӣ аз тарафи террористҳои ифротгаро мувоҷеҳ аст. Лизо Маскав ба далели эҳсоси хатари ҷиддӣ аз тарафи террористҳои ифротгаро дар дохил ва дур аз марзҳои худӣ, яъне дар Сурия бо онҳо мубориза кардааст.

Бо ин ҳол акнӯн сиёсати Анкара дар бораи омӯзиш, таҷҳиз ва эъзоми террористҳои ифротгаро ба манотиқи буҳронӣ монанди Либия ва акнӯн Қарабоғ боис шуда то нигарониҳои Маскав дар ин замина афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи Pierre Emanuel Thouman, коршиноси масоили геополитикӣ, имкон дорад, Қафқоз бо ҳимояти Туркия ба макони ҷазби террористҳои ифротгаро аз саросари ҷаҳон табдил шавад.

Албатта Русия дар ин замина танҳо нест ва Эрон низ борҳо дар бораи ҳузури террористҳо дар Қарабоғ ва дар муҷовирати марзҳои худ ва таҳдидоти амниятии ношӣ аз он ҳушдор додааст. Мусалламан тадовуми ҳузури афроди ифротгаро дар минтақаи Қафқоз, мӯҷиби шаклгирии таҳдидоти амниятии ҷадиде дар хоҳад шуд, ки муқобилаи ҷиддӣ бо он, ҳамкории кишварҳои ҳамсояи ҷумҳурии Озарбойҷон, аз ҷумла Русия ва Эронро металабад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп