Вируси корона саранҷом ба Қутби Ҷануб расид
Бо шиносоии аввалин афроди олуда ба вируси корона дар Қутби Ҷануб, ин вирус билохира ба ҷанубитарин қораи Замин расид.
Ба гузориши торнамои шабакаи “Скай Нюс”, артиши Чили эълом карда, ки озмоиши коронаи 36 нафар аз афсарону коркунони пойгоҳи низомии ин кишвар дар Қутби Ҷануби кураи Замин мусбат шудааст.
Ин пойгоҳи низомӣ дар ғарбитарин минтақаи Қутби Ҷануб ва дар дамоғаи ҷанубии Амрикои Ҷанубӣ воқеъ аст.
Теъдоди сокинони Қутби Ҷануб дар фаслҳои мухталиф тафовут дорад ва дар зимистон ҳудуди ҳазор нафар ва дар тобистон ҳудуди 5 ҳазор нафар дар ин қора ҳузур доранд.
Барномаи “The British Antarctic Survey” ба унвони бахше аз Шӯрои таҳқиқоти муҳити зисти Британия эълом кардааст, ки хатару паёмадҳои интиқоли вирус ба ҳаёти ваҳши Қутби Ҷануб умдатан номаълум аст.
Теъдоди андаки афроде, ки ба Қутби Ҷануб сафар мекунанд, карантин ва назорат бар мусофирони ин қораро осон кардааст.
Бештар бихонед:
- Навъи ҷадиди вируси корона дар Британия ва ҷаласаи фавқуллодаи Иттиҳоди Аврупо
- Мушоҳидаи анвои ҷадиди корона дар кӯршабпаракҳои Чин
- Аҷибтарин кашфи ҷаҳонӣ дар бораи вируси корона