Талоши Илҳом Алиев барои беҳбуди равобити Туркияу ва режими саҳюнистӣ
(last modified Sat, 26 Dec 2020 09:59:53 GMT )
Декабр 26, 2020 14:59 Asia/Dushanbe
  • Туркия ва Исроил ба беҳбуди равобит рӯи боз нишон додаанд
    Туркия ва Исроил ба беҳбуди равобит рӯи боз нишон додаанд

Расонаҳои режими саҳюнистӣ аз талоши раисиҷумҳури Озарбойҷон барои ҳалли танишҳо миёни Туркия ва Тел Авив хабар додаанд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, расонаҳои режими саҳюнистӣ навиштаанд, ки Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон бо ҳадафи беҳбуди равобити Туркия ва Исроил ба гомҳои амалӣ рӯ овардааст.

Алиев ҳафтаи гузашта дар гуфтугӯии телефонӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, пешниҳоди миёнҷигарӣ барои танишзудоӣ аз равобити Исроил ва Туркияро матраҳ кард.

“Valenews” ва “Jerusalem Post” навиштаанд, ки Туркия ва Исроил ба ин талошҳо рӯи боз нишон додаанд.

Дар ҳамин робита рӯзи гузашта Эрдуғон аз тамоюли Туркия барои доштани робитаи беҳтар бо режими саҳюнистӣ сухан гуфт.

Ҷейҳун Байрамов, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон низ ҳафтаи гузашта дар тамоси телефонӣ бо ҳамтоии исроилиаш Gabi Ashkenazi (Габи Ашкенази) гуфта буд, ки Бокӯ алоқаманд аст барои беҳбуди равобити Исроил ва Туркия талош кунад.

Мақомоти аршади исроилӣ ҳам дар ин замина ба “Valenews” гуфтаанд, ки Озарбойҷон хоҳон он аст, ки ду дӯсти муҳимми Бокӯ ба масири муносиботи оддии худ бозгарданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: