Декабр 27, 2020 20:17 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ногаҳонии мизони қатл ва одамкушӣ дар саросари Амрико
    Афзоиши ногаҳонии мизони қатл ва одамкушӣ дар саросари Амрико

Гузориши қатл ва одамкушӣ дар 11 моҳи 2020 дар 10 идораи бузурги полиси Амрико дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли 2019, 40 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гузориши рӯзномаи амрикоии Вол стрит журнал, "Бренден Диниҳан " Brendan Deenihan , раиси корогоҳон дар идораи полиси шаҳри Чикагои Амрико эълом кард, ки мизони қатлу одамкушӣ дар ин шаҳр 55 дарсад бештар аз соли 2019 буда ва ин дар ҳолест, ки мизони парвандаҳои махтумаи қатл дар шаҳри Чикаго, 6 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳамзамон ки мизони қатлу одамкушӣ дар Амрико рӯ ба афзоиш аст, вируси корона ва протоколҳои он чолиши ҷадидеро барои полис ба манзури баррасӣ ва ҳалли ин ҷиноятҳо ба вуҷуд овардаасту мизони итмом ва ҳалли парвандаҳои физояндаи қатлу одамкушӣ дар 9 идораи полис дар 11 моҳи 2020 низ ба таври миёнгин 7 дарсад дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли 2019, коҳиш доштааст.

Ин гузориш дар ҳоле мунташир шудааст,  ки танҳо ду рӯз баъд аз оғози таътилоти Крисмас, хушунатҳои мусаллаҳона дар иёлатҳои Калифорния, Иллинойс ва Флорида чандин кушта ва захмӣ бар ҷо гузоштааст.

Ҳафтаномаи амрикоии "Нюзвик " гузориш додааст. ки  даҳҳо шаҳри Амрико дар як соли ахири шоҳиди афзоиши 50 дарсадии мавориди тирандозӣ будаанд.

Амрико бо мавҷе аз хушунат, гаравгонгир ва ҳамалоти мусаллаҳона рӯ ба рӯ аст.

Солона ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд. Бар асоси гузоришҳои расмӣ, ҳудуди 270 то 300 миллион қабзи силоҳи гарм дар Амрико вуҷуд дорад; яъне тақрибан ба ҷои ҳар нафар як аслаҳа дар ин кишвар ёфт мешавад .

Барчасп