Июл 24, 2016 21:01 Asia/Dushanbe
  • Паёмади хатарноки дидорҳои ҳайати Оли Сауд ва Исроил

Як узви дафтари сиёсии Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин дар бораи паёмадҳои хатарноки дидори ҳайати саудӣ бо мақомоти саҳюнистӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Қудс, Койд Алғӯл, узви дафтари сиёсии ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин дидори ҳайати саудӣ бо мақомоти режими саҳюнистиро дорои паёмҳои манфӣ барои минтақа хонд ва эълом кард, Риёз ва Телавив, ки манофеи муштараке дар руёрӯӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон доранд, дар масири одисозии равобити дуҷониба ҳаракат мекунанд.

Вай бо интиқод аз сукути бархе гурӯҳҳои фаластинӣ дар бораи руйдодҳои ошкори мақомоти саудӣ ва саҳюнист таъкид кард, ҳамаи ин гурӯҳҳо бояд дар қиболи манофеи миллати Фаластин рафторе масъулона дошта бошанд.

Мақоми фаластинӣ бо ишора ба ин ки режими ишғолгари Қудс ҳамвора алайҳи масолеҳи уммати исломӣ ва арабӣ иқдом кардааст, дар бораи одисозии равобити бархе кишварҳои арабӣ бо ин режим ибрози таассуф кард.

Вай бо ишора ба дидорҳои Анвар Ишқӣ, генерали пешини арабистонӣ дар Фаластини ишғолӣ бо Дури Гулд, мудири кулли Вазорати умури хориҷаи Исроил ва бархе дигар аз мақомоти саҳюнистӣ тасреҳ кард: "Телавив ҳаргиз нигоҳи мусбате ба манофеи арабӣ, фаластинӣ ва саудӣ надорад". 

Томир Борду, раиси пешини Созмони ҷосусии Исроил (МАСАД) эътироф кардааст, ки равобити роҳбурдии ногуфтае байни Исроил ва Арабистон дар сутуҳи боло вуҷуд дорад.

Барчасп