Таваллуди 372 ҳазор кӯдак дар нахустин рӯзи соли 2021
Январ 02, 2021 15:03 Asia/Dushanbe
-
Бештарин теъдоди таваллудҳо дар рӯзи аввали январ дар кишвари Ҳинд гузориш шудааст
Созмони ҳимоят аз кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) эълом кард, дар нахустин рӯзи соли милодии ҷадид ҳудӯди 372 ҳазор кӯдак дар саросари ҷаҳон мутаваллид шуданд.
Ба гузориши Русия ал Явм, бар асоси гузорише, ки ЮНИСЕФ дар пойгоҳи расмии худ мунташир кард, дар нахустин рӯзи соли милодии ҷадид 371 ҳазору 504 кӯдак дар саросари ҷаҳон ба дунё омадаанд.
Бештарин теъдоди таваллудҳо, ки ҳудӯди 60 ҳазор маврид буда, мутаъаллиқ ба кишвари Ҳинд ва пас аз он Чин, Нигерия, Покистон, Индонезия, Бангладеш ва Эфиопия аст.
Созмони ЮНИСЕФ пешбинӣ кард, ки дар соли милодии ҷадид ҳудӯди 140 миллион кӯдак ба ҷамъи ҷомеъаи ҷаҳонӣ изофа шаванд ва миёнгини умри ҳар фард ба 84 сол афзоиш ёбад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Нахустин панҷгоникҳои таърихи Тоҷикистон ба дунё омаданд
- Ибрози нигаронии ЮНИСЕФ аз сӯитағзияи кӯдакон дар Афғонистон
- Пешбинии афзоиши 236 ҳазорнафарии ҷамъияти Тоҷикистон то авоили соли 2021
Барчасп