Январ 06, 2021 20:07 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон фатвои таҳрими фарогири режими саҳюнистиро содир кардааст
    Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон фатвои таҳрими фарогири режими саҳюнистиро содир кардааст

Дар пайи фатвои ахири Иттиҳоди уламои мусулмон дар хусуси таҳрими режими саҳюнистӣ Фейсбук сафҳаи маҷозии ин иттиҳодияро баст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон дар рӯзҳои ахир фатвои таҳрими фарогири режими саҳюнистиро содир ва эълом кард: То поёни ишғолгарии ин режим хариду фурӯши тавлидоти саҳюнистӣ ҷоиз нест.

Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусулмон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард: Пас аз судури ин фатво Фейсбук сафҳаи ин ниҳодро баставу илова бар он талошҳое низ барои ҳаки сафҳаҳои интернетии Иттиҳоди уламои мусулмон сурат гирифтааст.

Бо вуҷуди ин иқдоми Фейсбук, Иттиҳоди уламои мусулмон таҳрими режими саҳюнистиро дифоъ аз масоили одилонаи уммати Ислом. бавижа масъалаи Фаластин донист ва бар идомаи ин раванд таъкид кард.

Дар фатвои ахири Иттиҳоди уламои мусулмон омадааст: Ҳар касе ки тавлидоти ишғолгарони ғосибро хариду фурӯш кунад, гуноҳкор ва дар ин ҷиноят шарик аст ва мусулмонон бояд ба таҳрими иқтисодии комили тавлидоти саҳюнистӣ то замони поёни ишғолгарии ин режим идома диҳанд.

То кунун бо фишорҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико барои одисозии равобити кишварҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, чаҳор кишвари Иморот, Баҳрайн, Судон ва Мағриб бо Исроил бар сари одисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расидаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп