Эъломи иттиҳоми авбошӣ ба писарони Муҳаммадмурод Одинаев
(last modified Sat, 09 Jan 2021 14:35:13 GMT )
Январ 09, 2021 19:35 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадмурод Одинаев ва ду писараш дар боздошт ҳастанд
    Муҳаммадмурод Одинаев ва ду писараш дар боздошт ҳастанд

Мақомоти додситонии ноҳияи Ҳисор алайҳи Ҳабибуллоҳ Ризоев, фарзанди муовини боздоштшудаи Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон Муҳаммадмурод Одинаев иттиҳоми авбошӣ эълом карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ ти Ҷи, ин дар ҳолест,  ки худи Муҳаммадмурод Одинаев ва фарзанди дигараш Шайхул Ислом низ бо иттиҳоми авбошӣ акнун дар боздошт ба сар мебаранд.

Ду фарзанди Муҳамадмурод Одинаев дар боздоштгоҳи муваққати ноҳияи Ҳисор ва худи вай дар боздоштгоҳи шумораи яки Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.

Бо вуҷуди узрхоҳии Муҳаммадмурод Одинаев муовини боздоштшудаи Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон аз кормандони идораи ҳарбии  ноҳияи Ҳисор, вай ҳамчунон дар боздошт аст.


 Қаблан дар баёнияи додситонии кулли Тоҷикистон бо ишора ба боздошти Муҳаммадмурод Одинаев таъкид шуда буд: « Вай бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хизмати сарбозӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ хонда ва пас аз даргирӣ бо кормандони идораи ҳарбии ноҳияи Ҳисор бо расидани маъмурони полис аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.»

 

 Иттиҳоми авбошӣ бар асоси қонуни ҷиноии Тоҷикистон ҷаримаи молӣ ё 5 соли зиндонро дар пай дорад.

Бо ин ҳол Раҳматуллоҳ Зоиров раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон боздошти муовинаш ва фарзандони вайро сиёсӣ медонад, зеро Одинаев қабл аз боздошт бо интишори паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ, содир шудани муҷаввизи баргузории таҷаммӯъ дар эътироз ба афзоиши қимматҳо дар Тоҷикистонро хостор шуда буд.
 
Бештар бихонед: