Январ 10, 2021 17:27 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони иқтисодӣ ва фақри гом ба гоми мардуми Туркия

Ба рағми талошҳои давлати Анкара ва иқтисоддонон, мардуми Туркия ҳар рӯз шоҳиди кучактар шудани суфраҳои худ ҳастанд.

Афзоиши рӯзафзуни нархи таваррум, афзоиши бекорӣ, коҳиши иштиғоли ҷавонони ҷӯёи кор ва тамоми ин шохисҳо бахшии кӯчак аз иқтисод дар ҳоли фурӯпошии Туркия қаламдод мешаванд. Дарвоқеъ, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ва омори ноумедкунанда тасвири хира дар бораи таварруми миёнаи Туркияро нишон медиҳанд. Дар ин миён, буҳрони иқтисодӣ ва фурӯпошии лири Туркия ҳамзамон бо иқдомоти мудохилаҷӯёнаи Раиси Ҷумҳурии Туркия "Раҷаб Тайиб Эрдуғон" ,  дар ҳоли вахим шудан аст. Бӯҳрони иқтисодии Туркия аз ду буъди дохилӣ ва хориҷӣ қобили баррасӣ аст. Баъзеҳо бар онанд, ки дахолати Туркия ба кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Сурия ва Ироқ, инчунин Либия ва шарқи баҳри Миёназамин, ба иқтисоди дохилии Туркия зарари ҷиддӣ расонд. Ҷиддан аз мудохилоти хориҷӣ, бархе шохисҳои дохилӣ низ аз нигарониҳои иқтисоддонҳои Туркия перомуни вазъияти дохилии Туркия ҳикоят дорад. Ба унвони мисол, омори солонаи нархи таваррум дар бозорҳои Туркия нишон медиҳад ин рақам дар моҳи декабри гузашта ба 14, 6 дар сад, яъне болотарин сатҳи сабтшуда аз моҳи августи  2019 милодӣ расидааст.

Ин дарҳолест, ки банки марказии Туркия дар талошҳои худ барои костан аз миёнгини нархи таваррум, бо бархе мушкилот мувоҷеҳ аст. Дар ҳамин чорчӯб,  баёнияҳои мунташиршудаи ахир тавассути банки марказии Туркия нишон медиҳад мардуми ин кишвар эътимод ба пули Туркияро аз даст додаанд.

Дар ин ҳол, баёнияҳои ҷадиди оморе дар бораи таварруми Туркия нишондиҳандаи шикасти сиёсатҳои пулӣ ва молии Туркия аст. Бо вуҷуди ин, Раиси ҷумҳурии Туркия " Раҷаб Тайиб Эрдуғон" ба дахолатҳои худ дар умури муассисаҳои молии Туркия идома медиҳад. Ба тавре, ки бисёре аз гузоршҳо дар моҳҳои ахир ҳокӣ азон аст, ки вай ба ғорати амволи давлатӣ ва ба кор гирифтани онҳо дар чорчӯби манофеи худ идома медиҳад. Дар ин шароит, бархе таҳлилгарони турк ба беҳбуди авзоъ тардид доранд, зеро мӯътақиданд, Эрдуғон аз дахолат дар сиёсатҳои банки марказӣ даст нахоҳад кашид ва ин дахолатҳо заминаи вихомати авзоъро беш аз пеш фароҳам хоҳад кард.

Иқтисоддон ва сутуннависи рӯзномаи " Қарор" -и Туркия дар мақолае бо унвони "Суқути бузург" ба баррасии вазъияти иқтисодии Туркия пардохт ва навишт: " Туркия аз соли 2015 вориди бӯҳрони иқтисодӣ шуда ва ин бӯҳрон дар соли 2018 милодӣ боиси ба вуҷуд омадани морпечҳои бузурге аз бӯҳрон шуда аст. Акнун печи ҷадиде аз буҳрони иқтисодӣ дар кишвар оғоз шудааст. Умедворам битавонем ин бӯҳронро рад карда ва ба Аргентина табдил нашавим".

Қаҳвачӣ бо ишора ба ин ки сохтори иқтисодии Туркия аз тавлидкунанда ба воридкунанда табдил шудааст, дар айни ҳол, хотир нишон кард: "Мизони бекорӣ дар кишвар аз соли 2015 милодӣ ба таври музмин дар ҳоли афзоиш аст. Дар ҳоле ки мизони қарзи дохилии давлат коҳиш  ёфта буд, аммо бо афзоиши қарзи хориҷӣ, он ҳам ба суръат афзоиш ёфт".

Дар як ҷамъбандии кулли аз вазъияти буҳрони иқтисодии Туркия метавон гуфт, ба рағми вихомати авзоъи иқтисодии Туркия, ин кишвар токунун барномаи ҷомеъе ба манзури поён додан ба ин мушкилот тадвину иҷро накардааст. Зеро мақомоти ҳизби ҳокими Туркия қасди хуруҷ аз кишварҳои ҳамсояро надоранд. Ҳадафи раҳбарони Анкара тадовуми ҳузур дар Сурия, Ироқ, Либиё ва мушорикат дар буҳрони шарқи баҳри Миёназамин  аст. Ба ҳамин сабаб, тардиде нест, ки онҳо то замоне, ки даргири буҳронҳои хориҷӣ ҳастанд, бояд иқтисоди Туркияро низ дар шароити номуносиби буҳронӣ пайгирӣ кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп