Июл 24, 2016 21:06 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори террористӣ дар Кобул

Дар паи инфиҷори хунин дар Кобул, пойтахти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар як рӯз азои умумӣ эълом кард.

Вай бо эъломи рӯзи якшанбе баунвони рӯзи азои умумӣ барои адои эҳтиром ба қурбониёни инфиҷори террористӣ дар шаҳри Кобул дар нутқи телевизионӣ тасреҳ кард, Афғонистон бар террористҳо ғалаба хоҳад кард.

Раисҷумҳури Афғонистон бо ишора ба инки омилони инфиҷори террористӣ дар Кобул, бадунболи эҷоди шикоф дар ҷомеа ва тафриқаафканӣ байни мардум ҳастанд, афзуд, террористҳо ба аҳдофи шумашон нахоҳанд расид.

Ба гузориши манобеи амниятӣ ва пизишкӣ дар Кобул бар асари инфиҷори асри шанбе дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон ҳудуди 80 тан кушта ва 300 нафари дигар захмӣ шуданд. Инфиҷори террористӣ дар Кобул замоне рӯй дод, ки ҳазорон тан аз ҳазораҳо дар эътироз ба интиқоли барқи воридотӣ аз Туркманистон аз масири Соланг ба ҷои Бомиён дар ҳоли тазоҳурот буданд. Ҷунбиши Равшаноӣ ин тазоҳуротро сомондеҳӣ карда буд ва муътаризон дар ҳоли баргузории тазоҳурот ба шакли мусолиматомез буданд. Гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти инфиҷори Кобулро бар уҳда гирифт.

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, инфиҷори террористӣ дар Кобул аз чанд ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ ва тааммул аст. Аввал онки гурӯҳи террористии ДИИШ бо ин инфиҷори террористӣ кушидааст, зимни қудратнамоӣ ҳузури худро дар Афғонистон нишон диҳад. Дуввум онки инфиҷор дар миёни шиаён ва қавми ҳазора сурат гирифт ва ин нишон медиҳад, ки гурӯҳи террористии ДИИШ мекушад, бо ҳадаф қарор додани шиаён ва ақаллиятҳо миёни мардуми Афғонистон тафриқа эҷод кунад. Севвум онки гурӯҳи террористии ДИИШ бо инфиҷор дар миёни мардум дарсадади эҷоди раъбу ваҳшат ва гирифтани интиқоми шикастҳоест, ки ахиран артиши Афғонистон бар ин гурӯҳ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ворид кардааст

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, ҳар чанд Толибон инфиҷори Кобулро маҳкум кардааст, аммо рӯйкарди хушунатомези ин гурӯҳ ва ҳамалоти хунини он дар манотиқи мухталифи Афғонистон аз ҷумла дар Кобул боис шудааст, то давлати Афғонистон дар таъмини амнияти шаҳрвандони ин кишвар бо душвории ҷиддӣ рӯ ба рӯ шавад.  Бинобарин барои мардуми Афғонистон қобили қабул нест, ки Толибон бо маҳкум кардани инфиҷори Кобул аз бурузи чунин ҷиноёте худро мубаро кунад. Аз дидгоҳи мардуми Афғонистон агар Толибон барои ҷону моли мардуми ин кишвар арзиш қоил аст, бояд бо ҳамкорӣ дар таҳаққуқи раванди сулҳи Афғонистон бо террористҳо бархурд кунад, на инки худ бо тадовуми ҳамалоти хунин заминаро барои зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон фароҳам кунад. Дар ин ҳол кишварҳои ғарбӣ бахусус Амрико, ки беш аз 15 сол Афғонистонро дар ишғоли низомии худ доранд, аз инфиҷорҳои террористӣ ҳамчун Кобул барои тасбити ҳузури низомии худ дар Афғонистон баҳрабардорӣ мекунанд.

Изҳороти Ҷон Кербӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Амрикои мабнӣ бар инки ҳамалоте назири инфиҷорҳои Кобул иродаи Вашингтонро барои идомаи маъмурияти низомӣ дар Афғонистон маҳкамтар мекунад, дар ҳамин росто қобили таваҷҷуҳ ва тааммул аст. Ин дар ҳолест, ки Амрико ба баҳонаи муқобила бо терроризм ва ифротгароӣ дар соли 2001 ба Афғонистон ҳамла ва ин кишварро ишғол кард. Аммо бо гузашти беш аз 15 сол на танҳо терроризм дар Афғонистон решакан нашуда, балки мардуми ин кишвар ҳамчунон бо нооромӣ ва хушунатҳои хунин рӯ ба рӯ ҳастанд. Бинобарин барои мардуми Афғонистон ин савол матраҳ аст, ки барои Амрико тасбити ҳузури низомӣ ва табдили Афғонистон ба пойгоҳи ин кишвар арҷаҳият дорад ё муқобила бо терроризм?

Тардиде нест, идомаи терроризм дар Афғонистон баҳонаи Амрико барои идомаи ҳузури низомӣ дар Афғонистон аст ва ин беш аз пеш мардуми мазлуми ин кишварро хашмгин мекунад .

Барчасп