Истиқболи СММ аз оғози иҷрои Паймони манъи силоҳҳои ҳастаӣ
Вуҷӯди зарродхонаҳои ҳастаӣ дар ҷаҳон ва афзоишу тавсеъаи рӯзафзӯни онҳо ва ҳам чунин пайвастани давлатҳои ҷадид ба бошгоҳи ҳастаӣ, чашмандози номатлӯбе барои сулҳу амнияти байналмилалӣ ба вуҷӯд овардааст. Ин масъала зарурати эҷоди як паймони ҷадид мавсӯм ба Паймони манъи силоҳҳои ҳастаӣ (The Treaty on the Prohibition of Nuclear Weapons =TPNW )-ро, ки дар июли 2017 ба тасвиб расад иҷтинобнопазир сохт.
Паймони манъи таслиҳоти ҳастаӣ бидуни имзои кишварҳои бузурги ҳастаӣ, аз рӯзи ҷумъа 22 январи 2021 иҷроӣ шуд ва мавриди истиқболи СММ қарор гирифт.
Антониу Гутерриш, дабири кули СММ бо интишори баёнияе, онро гоме муҳим ба сӯи ҷаҳоне аз орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ тавсиф ва гуфт: «ин нахустин Паймони манъи таслеҳоти ҳастаии чандҷониба аст, ки тайи беш аз бист соли гузашта мунъақид шудааст.»
Паймони манъи таслеҳоти ҳастаӣ, истифода, тавсеъа, тавлид, озмоиш, истиқрор, захирасозӣ ва таҳдиди истифода аз ин навъи таслиҳотро мамнӯъ мекунад. Ин паймон 90 рӯз пас аз тасвиби панҷоҳумин кишвари имзокунандаи он, яъне дар 22 январ иҷроӣ шуд. Токунӯн 86 кишвар ин паймонро имзо карда ва 51 кишвар низ онро дар порлумонҳои худ тасвиб кардаанд. Фаъолони зидди ҳастаӣ ва кишварҳои имзокунанда умедворанд, ки ин паймон ҳатто бидуни ҳамроҳии қудратҳои ҳастаӣ битавонад таъсиргузор бошад ва ба унвони абзоре намодин зеҳнияти дорандагони таслеҳоти ҳастаиро ба куллӣ тағйир диҳад.
Ҳадафи аслии ин паймон, эҷоди як ҳанҷори ҳуқуқӣ дар ростои накӯҳиш дорандагони таслиҳоти ҳастаӣ ва низ афзоиши фишорҳо барои иҷрои тааҳҳудоти кишварҳои ҳастаӣ дар заминаи халъи силоҳи ҳастаӣ аст. Бо вуҷӯди Паймони манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ (НПТ) (Non-Proliferation Treaty= NPT ), ки дар соли 1968 тасвиб ва аз соли 1970 иҷроӣ шуда, аммо на фақат гоми муассир барои коҳиши куллии зарродхонаҳои ҳастаӣ сӯрат нагирифта, балкӣ амалан бар шумори кишварҳое, ки ба бошгоҳи ҳастаӣ пайвастаанд, афзӯда шуда аст.
Қудратҳои бузурги ҳастаии ҷаҳон бо Паймони манъи таслиҳоти ҳастаӣ ба мухолифати ҷиддӣ бархестаанд. Дар воқеъ кишварҳои бархӯрдор аз силоҳи ҳастаӣ ва қудратҳои муҳими ин ҳавза ҳеч кадом ин паймонро имзо накарда ва ҳатто музокироту гуфтугӯҳои муртабит бо тасвиби ин паймонро низ таҳрим карданд. Ҷудо аз Амрико ва Русия, ки 90 дарсади силоҳҳои ҳастаии ҷаҳонро дар ихтиёр доранд, Фаронса, Чин, Британия, Ҳинд, Покистон, режими саҳюнистӣ ва Кореияи Шимолӣ низ дигар кишварҳои дорои таслеҳоти ҳастаӣ дар ҷаҳон башумор меоянд. Амрико, Фаронса, Британия, Чин ва Русия дар октябри 2018 бо интишори баёнияи муштараке эълом карданд, ки мухолифи Паймони манъи таслиҳоти ҳастаӣ ва ҳастанд ва онро имзо намекунанд. Ин кишварҳо муддаӣ ҳастанд, ки ин рӯйкард исбот шуда дар заминаи халъи силоҳи ҳастаӣ, натоиҷи малмӯс ва комилан маҳсӯсе, аз ҷумла коҳиши зарродхонаҳои ҷаҳонии таслеҳоти ҳастаӣ доштааст. Онҳо муътақиданд, ки Паймони манъи таслиҳоти ҳастаӣ дар бартараф кардани мушкилоти калидӣ дар масири халъи силоҳи ҳастаӣ ноком буда ва муғойир бо бархе мафоди паймони НПТ аст ва метавонад ба он латма ворид кунад.
Beatrice Fihn, мудири иҷроии барномаи нобудсозии таслиҳоти ҳастаӣ (International Campaign to Abolish Nuclear Weapons), зимни мухолифат бо ин дидгоҳ, ки Паймони манъи таслиҳоти ҳастаӣ мӯҷиби тазъифи "НПТ" мешавад, таъкид мекунад, ин паймон дар ростои ҳадафи ниҳоии Паймони НПТ аст.
Ҷаҳон чандин даҳа аст, ки гирифтори кобӯси ҷанги ҳастаӣ аст ва ин таслиҳот таҳдиде ҷиддӣ барои сулҳу амнияти байналмилалӣ бо тавваҷуҳ ба вуҷӯди ҳазорон силоҳи ҳастаӣ дар зарродхонаи қудратҳои бузурги ҳастаӣ ва низ бархе дигар аз кишварҳо, ки дар чанд даҳаи ахир ба ин силоҳҳои маргбор даст пайдо кардаанд, эҷод кардаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Поёни зудҳангоми музокироти Амрико ва Русия дар заминаи кантроли таслиҳоти ҳастаӣ
- Русия: Амрико низоми манъи интишори силоҳи ҳастаиро ноустувор кардааст