Равобити давлати Ҷо Байден бо Русия бо ихтилоф оғоз шуд
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, иқдоми давлати Русия алайҳи муътаризони ҳомии Алексей Навалнийро ба шиддат маҳкум кард.
Ба гузориши ИРНА, Нед Прайс(Ned Price) бо судӯри баёнияи матбуотӣ дар пайи дастгирии ин шаҳрванди руси мухолифи давлати феълии Маскав ва бархӯрд бо ҳаводорони вай афзуд, Иёлоти муттаҳида истифода аз тактикҳои хашин алайҳи муътаризон ва рӯзноманигорон дар шаҳрҳои Русияро ба шиддат маҳкум мекунад.
Сахунгӯи вазорати хориҷаи Амрико дар изҳороти мудохилаҷӯёна аз мақомоти рус хост ҳамаи касонеро, ки ба далели истифода аз ҳуқуқи ҷаҳонии худ боздошт шудаанд, озод ва билофосила ва бидуни қайду шарти Алексей Навалнийро низ озод кунанд ва зимни ҳамкорӣ бо таҳқиқоти ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди масмӯмияти Алексей Навалний, истифода аз силоҳи шимиёиро дар он кишвар ба таври муътабар тавзеҳ диҳад.
Маъмурони амниятии Русия ҳафтаи гузашта Навалнийро дар фурӯдгоҳи Маскав боздошт карданд, ки дар эътироз ба ин иқдоми давлати Маскав рӯзи шанбе садҳо нафар дар чандин шаҳри Русия тазоҳурот карданд.
Алексей Навалний кист?
Навалний, яке аз аслитарин мунтақидони Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва аз довталабони ширкат барои номзадии интихоботи раёсатҷумҳурии 2018 Русия буд, ки ба хотири маҳкӯмияти қаблӣ аз номзадӣ дар интихобот манъ шуд.
Вай бистуми моҳи август дар бозгашт аз Сибир ба Маскав бемор шуд ва пас аз фурӯди изтирории ҳавопаймо ба бемористоне дар шаҳри Томски Сибир аз онҷо ба як маркази дармонӣ дар Берлин интиқол ёфт, ҷое, ки пизишкон эълом карданд, нишонаҳое аз масмӯмияти вай бо модаи саммии новичок вуҷӯд дорад.
Созмони манъи таслиҳоти шимиёӣ низ бо баррасии намунаҳои гирифта шуда аз Навалний дар як маркази дармонии артиши Олмон дар Берлин эълом кардааст, ки дар мавриди вай модаи саммии новичок бакор гирифта шудааст.
Русия ин иддаои Олмон дар мавриди масмумияти Алексей Навалнийро рад кард ва онро комилан беасос хонд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Вокуниши Кремл ба қасди Навалний барои бозгашт ба Русия
- Вокуниши Аврупо ва Амрико ба боздошти Навалний
- Дархости НАТО барои таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи масмӯмияти Навалний