52 мавриди ҷадиди олудагӣ ба вируси корона дар Чин
Январ 29, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
-
52 мавориди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар Чин
Мақомоти тандурустии Чин эълом карданд, дар 24 соати гузашта 52 мавриди ҷадиди ибтило ба вируси корона дар ин кишвар шиносоӣ шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, Комиссияи миллии беҳдошти Чин дар гузорише эълом кард, аз 52 мавориди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 дар ин кишвар 36 мавридимаҳаллӣ буд.
Тибқи иттилооти Комиссияи миллии беҳдошти Чин, аз декабри соли 2019, ки вируси корона дар Чин барои нахустин бор зуҳур ёфт то ба имрӯз 89 ҳазору 378 нафар дар ин кишвар ба Ковид - 19 мубтало шудаву чаҳор ҳазору 636 нафар низ ҷон бохтаанд.
Бештар бихонед:
- Дар Тоҷикистон дигар вируси корона вуҷуд надорад
- Гутерреш хостори тақсими ҷаҳонии ваксинаи корона шуд
Барчасп