Созмони Милали Муттаҳид хостори муҳокимаи генералҳои Миянмар шуд
Созмони Милали Муттаҳид ба таври оммавӣ ба таъқиби маъмурони Мянмар бо иттиҳоми наслкушӣ дар робита бо корзори саркӯби мусулмонони Роҳингия шудааст ва интизор меравад
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, муҳаққиқони Созмони милал эълом карданд, ки артиши Миянмар иқдом ба куштори ҷамъӣ ва таҷовузи гурӯҳи ба мусулмонони Руҳингиё ба "қасди наслкушӣ" карда ва фармондеҳи кулли артиш ва панҷ генерали артиши Миянмар бояд мутобиқи қавонини байналмилалӣ барои ин ҷурмҳои вазнин бояд муҳокима шаванд.
Коршиносони Созмони Милал дар гузориши худ ба шиддат аз ширкати "Фейсбук" ба иллати муҷоз донистани таҳрики хушунат ва нафратпароканӣ аз тариқи расона интиқод карданд.
Фейсбук дар вокуниш ба гузориши Созмони милал эълом кард, ки ҳисобҳои корбарии 20 тан аз мақомоту созмонҳои Мянмарро, ки бино бар эъломи як ҳайати Созмони милал муртакиби нақзи ҳуқуқи башар шудаанд, масдуд кардааст.
Коршиносони Созмони милал ҳамчунин «Аун Сан Су Чжи» раҳбари ғайринизомии Мянмар ва барандаи ҷоизаи сулҳи нобелро ба иллати истифода накардан аз ҷойгоҳи ахлоқии худ барои муҳофизат аз ғайринизомиён айбдор донистанд.
Беш аз як миллион мусулмони Роҳингия бо фирор аз ҷангу қатли ом тавассути артиш ва буддоиёни ифротӣ дар иёлати Рохин дар соли 2017 , аз Мянмар ба Бангладеш паноҳанда шуданду акнун дар урдугоҳҳои марзии ин кишвар сокин ҳастанд.
Созмони милал дар пайи ин ҳамалоти золимона алайҳи мусулмонони Роҳингия ва ихроҷи онҳо ба Бангладеш, низомиёни Мянмарро омили поксозии қавмӣ ва наслкушии мусулмонон муаррифӣ кард ва артиши ин кишварро бадномтарин артиши ҷаҳони номид.
Ин дар ҳолест, ки дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо маҳкум кардани боздошти сарони сиёсии Мянмар, бар ҳимояти қотеъи ин созмон аз талошҳои мардуми ин кишвар дар масири ислоҳоту таҳаққуқи демократӣ таъкид кард. «Антонио Гуттереш» қавиян боздошти «Аун Сан Су Чжи » раиси ҳизби ҳоким, «Ю Вин Минт» раисҷумҳур ва дигар сарони сиёсии Мянмарро дар остонаи баргузории ҷаласаи аввали порлумони ҷадиди ин кишвар маҳкум кардааст.
Бештар бихонед: