Феврал 01, 2021 18:04 Asia/Dushanbe
  • Артиши Мянмар натиҷаи интихоботи ноябри 2020-ро, ки ҳизби хонум Аун Сан Су Чжи дар он ба пирӯзӣ расид, напазируфт
    Артиши Мянмар натиҷаи интихоботи ноябри 2020-ро, ки ҳизби хонум Аун Сан Су Чжи дар он ба пирӯзӣ расид, напазируфт

Ҳизби ҳокими Иттиҳоди миллии демократии Мянмар пас аз боздошти Аун Сан Су Чжи, раиси ин ҳизб, аз мардум хост кудатои низомиро напазиранд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, Ҳизби ҳокими Иттиҳоди миллии демократии Мянмар аз мардуми ин кишвар хост, эътирозоти хиёбониро зидди артиш оғоз кунанд, зеро артиш Мянмарро дучори буҳрон кардааст.

Артиш Мянмар бомдоди душанбеи аввали феврал дар эътироз ба он чӣ тақаллуб дар интихоботи порлумонӣ номид, дар ин кишвар алайҳи Ҳизби ҳокими Иттиҳоди миллии демократӣ ба раёсати Аун Сан Су Чжи кудато кард.

Ягон‌ҳое аз артиши Мянмар дар нахустин соатҳои бомдоди душанбе Аунг Сан Су Чжи, раиси Ҳизби ҳокими Иттиҳоди миллии демократӣ ва чанд тани дигар аз раҳбарони ин ҳизб, аз ҷумла Вин Минт, раиси ҷумҳурро боздошт карданд.

Ҳизби Иттиҳоди миллии демократии Мянмар дар интихоботи порлумонии се моҳи пеш бо эъломи касби ҳудуди 83 дарсади оро дар баробари ҳизби тарафдори артиш эъломи пирӯзӣ кард, аммо артиш бо муттаҳам кардани ҳизби ҳоким ба тақаллуб дар интихобот, натоиҷро рад кард.

Кудатои артиш дар Мянмар дар шароите аст, ки ҳизби ҳокими Иттиҳоди миллии демократӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳоди артиш муттаҳами аслии ҷиноят алайҳи мусулмонони Роҳингия дар вилояти Рохин аст, ки аз соли 2017 то кунун ба қурбонӣ шудани ҳазорон нафар ва овора шудани миллионҳо тани дигар анҷомидааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп