Феврал 01, 2021 19:32 Asia/Dushanbe
  • Пас аз куштори мусулмонони Роҳингия дар Мянмар, ҳаводорони собиқи Су Чжи дар саросари ҷаҳон сукути ӯро маҳкум карданд
    Пас аз куштори мусулмонони Роҳингия дар Мянмар, ҳаводорони собиқи Су Чжи дар саросари ҷаҳон сукути ӯро маҳкум карданд

Аунг Сан Су Чжи, ки аз соли 2011 амалан қудратро дар Мянмар дар даст дошт, бо дифоъ аз ҷинояти артиши ин кишвар зидди мусулмонон, эътибори худро аз даст дод ва имрӯз ба дасти ҳамон артиш боздошт шуд.

Ба гузориши торнамои шабакаи хабарии “Алолам”, хуни ҳазорон мусулмонони бегуноҳи роҳингияӣ, ки ба дасти артиши Мянмар қатли ом шуданд, саранҷом гиребони Аунг Сан Су Чжи гирифт ва ӯро, ки дар соли 1991 ҷоизаи сулҳи Нобелро дарёфт карда буд, аз қудрат ба зер кашид.

Су Чжи, ки замоне аз мудофеони саршиноси ҳуқуқи башар буд, дар қазияи наслкушии мусулмонони Роҳингия ба дасти буддоиёни ифротӣ ва бо ҳимояти артиши Мянмар, ҳамаи усулу арзишҳои ҳуқуқи башариро канор гузошт ва сукут кард.

Су Чжи, раиси Ҳизби иттиҳоди миллӣ барои демократия аст, ки дар соли 2010 дар нахустин интихоботи демократии Мянмар пас аз 25 сол пирӯз шуд.

Ба ин далел, ки Су Чжи ҳамсари хориҷӣ дошт, қонуни асосии Мянмар ба вай иҷозаи раисҷумҳур шуданро надод, аммо бо ин ҳол Су Чжии 75 сола амалан идораи Мянмарро дар ихтиёр дошт.

Дар августи 2018 ҳамзамон бо куштори мусулмонони Роҳингия, Су Чжи генералҳои Мянмарро "меҳрубон" тавсиф кард ва имрӯз ҳамон генералҳои меҳрубон гиребони ӯро гирифтаанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп