Эътирози Толибон ба тасмими Конгресси Амрико дар бораи хуруҷ аз Афғонистон
Толибон ба давлати Амрико ҳушдор дод, ки нақзи тавофуқномаи Қатар натоиҷи хатарноке хоҳад дошт ва сабаби ҷанги бузурге мешавад, ки масъулияти он бо Амрико хоҳад буд.
Ба гузориши “Алолам”, Гурӯҳи мутолеаи Афғонистон дар гузорише ба Конгресси Амрико, аз давлати Байден хостааст то раванди хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистонро ба таъхир андозад.
Намояндагони Конгресси Амрико пайрави ин гузориш таъкид кардаанд, ки коҳиши низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон бояд ҳамроҳ бо идомаи музокироти сулҳи Қатар ва коҳиши хушунатҳо аз сӯйи Толибон сурат гирад.
Толибон дар вокуниш ба таъкиди Конгресси Амрико барои таъхири хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон дар баёнияе ҳушдор дод: Тавофуқномаи Қатар танҳо роҳи маъқул ва пойдор барои ҳалли буҳрони Афғонистон аст ва ин тавофуқ набояд аз дидгоҳи касоне дида шавад, ки манофеи худро дар идомаи ҷанг мебинанд.
Ин баёния меафзояд: Давлати нави Амрико бояд аз бархурди эҳсосотӣ бо Паймони Доҳа худдорӣ кунад ва набояд бар идомаи ҷангу бақои ҷангсолорону муфсидон сармоягузорӣ кунад.
Толибон таъкид кардааст: "Бояд аз баёни изҳороте худдорӣ шавад, ки моро дубора ба ҳолати ҷангӣ бармегардонад".
Бештар бихонед:
- Шарти сангини Толибон барои оташбас дар Афғонистон
- Кохи Сафед: Вашингтон тавофуқи Трамп бо Толибонро бознигарӣ мекунад
- Мухолифати Толибон бо ташкили давлати муваққат дар Афғонистон