Дастури Байден барои афзоиши маҳдудиятҳо алайҳи Трамп
Раиси Ҷумҳурии Амрико бо ишора ба рафторҳои ғайриоддии Доналд Трамп, ба ҷилавгирӣ аз дастрасии вай ба иттилооти маҳрамона таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо; Раиси Ҷумҳурии Амрико Ҷо Байден дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Си Би Эс, бо ишора ба паёмадҳои ҳамлаи ҳомиёни Доналд Трамп ба сохтмони Конгресс гуфт: Ман бар ин боварам, ки Трамп дигар набояд гузоришҳои иттилоотиро дарёфт кунад.
Вай бо такрори мавозеъи қаблии худ, Раиси Ҷумҳурии пешини Амрикоро фарди хатарнок ва таҳдиде барои ин кишвар донист.
Доналд Трамп бо амалкарди баҳсбарангез дар давраи раёсатҷумҳурӣ, бавижа напазируфтани шикаст дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва ташвиқи ҷонибдоронаш ба амалҳои ғайриқонунӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба бинои Конгресс яке аз пурбаҳстарин президентҳои ИМА шуд.
Ҳамлаи шашуми январ тарафдорони Трамп ба Конгресси Амрико, вайро бо истизоҳу сипас маҳрумият аз номзадӣ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ кардааст.
Бештар бихонед: