Рақиби ҷанҷолии Муҳаммад Алӣ даргузашт
(last modified Mon, 08 Feb 2021 10:15:04 GMT )
Феврал 08, 2021 15:15 Asia/Dushanbe
  • Леон Спинакс бо шикаст додани Муҳаммад Алӣ шӯҳрат пайдо кард
    Леон Спинакс бо шикаст додани Муҳаммад Алӣ шӯҳрат пайдо кард

Муштзани маъруфи касбӣ ва қаҳрамони олимпиада даргузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ройтерз, Леон Спинкс, ки медали тиллои бокси вазнинро дар Олимпиадаи Монреаль соли 1976 дар Канада ба даст овард, пас аз муборизаи тӯлонӣ бо саратони простата дар синни 67-солагӣ даргузашт.

Вай рақиби Муҳаммад Алӣ, боксёри бузург ва мусулмони ҷаҳон буд, ки дар феврали 1978 дар синни 24- солагӣ, ҳарифи 36-сола ва номдори худро пас аз 15 раунди мубориза рӯи ринг шикаст дод ва қаҳрамони ҷаҳон шуд.

Пас аз ҳафт моҳ, ду рақиби бузург бори дигар рақобат карданд ва ин дафъа Муҳаммад Алӣ ғолиб омад ва камари қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.

 

Бештар бихонед: