Феврал 12, 2021 21:19 Asia/Dushanbe
  • Иқтисоди Англия 9.9 дарсад суқуд кардааст
    Иқтисоди Англия 9.9 дарсад суқуд кардааст

Рушди иқтисодии Британия ба далели ҳамагирии вируси корона ба пойинтарин ҳад дар 300 соли ахир расидааст.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, тозатарин додаҳои дафтари оморҳои миллии Британия баёнгари он аст, ки рушди иқтисодии Англия дар соли 2020 бар асари маҳдудиятҳои ношӣ аз ҳамагирии вируси корона бештарин хисорати солона дар наздик ба се қарни гузаштаро мутаҳаммил шуда ва 9. 9 дарсад суқут кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ин уфул натиҷаи ҷорӣ шудани се давраи карантини саросарӣ ва таътилии густардаи касбу кор дар Британия аст.

Гузориши дафтари омори миллии Британия ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки дар як соли гузашта, яъне аз оғози ҳамагирии вируси корона то кунун беш аз 800 ҳазор нафар бо вуҷуди ҳимоятҳои молии давлат шуғли худро аз даст додаанд.

Авзои иқтисодии Британия бар асари корона ва хуруҷи Лондон аз Иттиҳоди Аврупо бадтар шудааст. Бо тавваҷуҳ ба ин ки ҳамаи кишварҳои аврупоӣ дар буҳрони иқтисодии ношӣ аз ҳамагирии вируси корона ба сар мебаранд, аммо омору назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки Британия аз ҳар назар дар бадтарин вазъият ба нисбати тамоми кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Тавсеа (OECD ) қарор дорад.

Бар асоси ин гузориш, қарзгирии давлати Британия дар моҳи декабри 2020 ба рақами 240. 9 миллиард фунт расида ки ин мизон аз замоне ки қарзи давлатӣ тавассути дафтари омори миллии ин кишвар дар соли 1993 ҷамъоварӣ шуд, собиқа надоштааст.

 

 Бештар бихонед:

Барчасп