Амрико дар тавофуқ бо Толибон бознигарӣ мекунад
Вазорати дифои Амрико аз бознигарии ин кишвар дар тавофуқ бо гурӯҳи Толибон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, вазорати дифои Амрико (Пентагон) эълом кард: давлати Ҷо Байден, раисиҷумҳури ин кишвар тавофуқеро, ки Доналд Трамп бо гурӯҳи Толибон имзо карда буд дубораи бознигарӣ хоҳад кард, аммо ҳанӯз дар бораи навъи ин бознигарӣ тасмим нагирифтааст.
Бар асоси тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи Толибон дар 29 феврали 2020 дар Давҳаи Қатар Толибон бояд хушунат ва ҳамалотро дар Афғонистон мутаваққиф кунад ва низомиёни амрикоӣ низ бояд аз ин кишвар хориҷ шаванд.
Ин тавофуқ дар ҳоле ба имзои ду тараф расидааст, ки аъзои Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ дар манотиқи Афғонистон идома медиҳанд ва аз хурӯҷи низомиёни террористи амрикоӣ аз Афғонистон ҳам хабаре нест.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Эътирози Толибон ба тасмими Конгресси Амрико дар бораи хурӯҷ аз Афғонистон
- Шарти сангини Толибон барои оташбас дар Афғонистон
- Афзоиши ҳамалоти Толибон дар Афғонистон пас аз тавофуқ бо Амрико