Себ бихӯред то фаромӯшхотирӣ нагиред
(last modified Mon, 15 Feb 2021 09:13:45 GMT )
Феврал 15, 2021 14:13 Asia/Dushanbe
  • Себ бихӯред то фаромӯшхотирӣ нагиред
    Себ бихӯред то фаромӯшхотирӣ нагиред

Муҳаққиқон мегӯянд, ки пайвастагиҳои табиӣ дар себ кори мағзро афзоиш дода, хатари бемории альцгеймер ва дигар намудҳои заволи ақл (деменсия)-ро коҳиш медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ғилзати зиёди таркиботи мавҷуд дар себу гиёҳони дигар, ки ба унвони маводи ғизоии гиёҳӣ шинохта мешаванд, дар фароянде, ки "нейрогенез" ном дорад,  боиси пайдоиши ҳуҷайраҳои асаб мешаванд. Ҳуҷайраҳои асаб ё нейронҳо ҳуҷайраҳои хеле ҳаяҷонбахш мебошанд, ки тавассути сигналҳои электрикӣ ба қисмҳои гуногуни бадан иттилоотро интиқол медиҳанд ва омӯзиш ва хотираи инсонро тақвият медиҳанд. 

Муҳаққиқони маркази бемориҳои марбут ба асаб дар Олмон бо мутолиа бар рӯи мушҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки ду таркиби муфид дар пӯст ва гӯшти себ, мӯҷиби эҷоди нейрон ( ҳуҷайраи асабӣ ) дар мағзи мушҳо мешавад. Мавзӯи ҷолиб дар ин озмоиш ин буд, ки оби себ ба таври қобили таваҷҷӯҳе дар асабзоӣ (нейрогенез) нақш надошт, балки хӯрдани кулли себ муфид аст. 

Ин тадқиқот нишон дод, ки пӯст ва гӯшти себ барои мағзи сар ва асабҳо пайвастагиҳои муфид доранд.

 

Бештар бихонед: