Баробарии инсонҳо аз назари Қуръон
https://parstoday.ir/tg/news/religion-i120978
Қуръони Карим, китоби ҳидояту роҳнамои зиндагии инсонҳо саршор аз омӯзаҳои ахлоқӣ аст, ки масири саодати фардиву иҷтимоиро равшан месозад. Ин омӯзаҳо на танҳо ба парвариши фардӣ кумак мекунанд, балки пояҳои як ҷомеаи солим, одилонаву инсониро бунён мениҳанд.
(last modified 2025-07-14T07:11:44+00:00 )
Июл 14, 2025 11:28 Asia/Dushanbe
  • Баробарии инсонҳо аз назари Қуръон

Қуръони Карим, китоби ҳидояту роҳнамои зиндагии инсонҳо саршор аз омӯзаҳои ахлоқӣ аст, ки масири саодати фардиву иҷтимоиро равшан месозад. Ин омӯзаҳо на танҳо ба парвариши фардӣ кумак мекунанд, балки пояҳои як ҷомеаи солим, одилонаву инсониро бунён мениҳанд.

Яке аз оёти барҷаста дар заминаи ахлоқи иҷтимоӣ, ояи 13 сураи “Ҳуҷурот” аст, ки бо нигоҳе жарфу инсондӯстона, ба масоиле чун баробарӣ, шинохти мутақобил ва меъёри воқеии арзиши инсонҳо мепардозад.

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُم مِّن ذَكَرٍ وَأُنثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا؛

Эй мардум! мо шуморо аз як марду зан офаридем ва миллатҳову қабилаҳо қарор додем то якдигарро бишносед. Оя бо хитоб ба ҳамаи инсонҳо шуруъ мешавад ва мегӯяд: “Эй мардум, мо шуморо аз як марду як зан офаридем”, ки баёнгари он аст, ки ҳамаи инсонҳо аз як аслу маншаи воҳиданд ва ҳеҷ тафовути зотиву фитрӣ байни ақвому милал вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, бартариҷӯии нажодӣ ё қавмӣ бемаъност ва ҳамаи инсонҳо дар асли хилқат баробаранд.

Дар идома Худованд таъкид мекунад, ки инсонҳоро ба сурати “шуъубу қабоил”, яъне ақвому тавоифи мухталиф офарид. Ин танаввуъ барои ҳадафе аст, ки оя ба он ишора мекунад: “Литаъорафу”, яъне то якдигарро бишноседу иртибот барқарор кунед. На барои низоъ ва душманӣ, балки барои ҳамзистӣ, тафоҳум ва табодули фарҳангӣ.

Ин оя таъкид дорад, ҳадаф аз тафовутҳои қавмиву забонӣ, эҷоди фурсат барои шинохт ва ҳамкорӣ аст, на эҷоди бартариталабӣ ва таассуб. Яъне зебоии офариниш дар ҳамин тафовутҳост, ки боиси таомул ва рушд мешавад.

Ин оя ба мо ёдоварӣ мекунад, ки бояд бо ҳамаи инсонҳо фориғ аз тафовутҳои зоҳириашон, бо эҳтирому бародарӣ рафтор кунем ва ба ҷои душманиву табъиз, ба тафоҳум ва муҳаббат бипардозем.