Тазоҳурот дар Порис алайҳи ташдиди исломситезӣ
(last modified Tue, 16 Feb 2021 12:56:40 GMT )
Феврал 16, 2021 17:56 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳурот дар Порис алайҳи ташдиди исломситезӣ

Ҷараёни исломситезӣ дар Аврупо бавижа Фаронса ҳамчунон идома дорад ва мусулмонони Фаронса ба шиддат таҳти фишор ҳастанд. Ин шароит сабаб шудааст то бисёре аз фаронсавиён бо баргузории таҷаммуъе дар пойтахти Фаронса, алайҳи тарҳи давлати ин кишвар дар ташдиди маҳдӯдиятҳо алайҳи мусулмонони фаронсавӣ, тазоҳурот барпо кунанд.

Давлати Фаронса қасд дорад тарҳеро ба тасвиб бирасонад, ки бар асоси он, бархе озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишвар маҳдӯд мешавад ва бисёре аз мусулмонон ба мазнунони билқувва табдил мешаванд.

Исломситезӣ дар Фаронса тайи моҳҳои ахир ташдид шудааст ва бисёре аз мусулмонони ин кишвар таҳти фишор ва озору азият қарор гирифта ва ба муқаддасоти онҳо тавҳин шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса низ дар мавзегириҳои худ на фақат ин ҷараёнҳоро тавбех накардааст, балки ба исми озодӣ, аз онҳо низ ҳимоят кардааст. Дар росто, давлати Фаронса лоиҳаи ҷанҷолии мавсӯм ба «қонуни тақвияти эҳтиром ба арзишҳои ҷумҳурият»-ро ироа кард ва муддаӣ шуд, ин лоиҳа мунофоте бо адёни дигар надорад ва фақат ҳадафи он, дифо аз озодӣ аст. Раисиҷумҳури Фаронса дар дифо аз ин лоиҳа, онро дар ростои кумак ба арзишҳои Фаронса назири баробарии ҷинсиятӣ ва секуларизм ва решакан кардани андешаҳои ифротӣ донист.

Ин дар ҳоле аст, ки тасвиби ин лоиҳа амалан маҳдӯдиятҳоро алайҳи мусулмонони Фаронса ташдид мекунад, чунон ки тазоҳуроткунандагони фаронсавӣ дар тазоҳуроти худ таъкид карданд, ки Фаронса пештар низ абзорҳои қонунӣ дар ин замина дошта ва қонуни ҷадид танҳо боиси афзоиши маҳдӯдиятҳо алайҳи мазҳаби шумораи дувуми кишвар, яъне Ислом хоҳад шуд.

Абдуллоҳ Зикрӣ, раиси Гурӯҳи назорати миллӣ бар исломҳаросӣ бо ишора ба инки дар соли 2020, теъдоди 235 маврид ҳамалоти исломҳаросӣ дар Фаронса рух дода, ки 154 маврид бештар аз соли 2019 буда ва ҳамалот алайҳи масоҷид низ дар ҳамин сол рушди 35 дарсадӣ доштааст, мегӯяд: “дар ин муддат ҳушдорҳо дар бораи густариши дуруғи марбӯт ба ислому мусулмонон ва ҳамчунин амалҳое, ки инзиҷор алайҳи мусулмононро таҳрик мекунад, афзоиш доштааст”.

Бо вуҷуди ҳамаи мухолифатҳо, намояндагони фаронсавӣ ҳафтаи гузашта ба пешнависи «қонуни тақвияти эҳтиром ба арзишҳои ҷумҳурият» раъй дода ва интизор меравад, ки ҳар ду маҷлиси Фаронса низ ин лоиҳаро таъйид кунанд.

Алӣ Ал Қарадоғӣ(Ali al-Qaradaghi), дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон мегуяд: “аз Макрон махоҳем ба ҳуқуқу озодии башар, ки ҳатто арзишҳои мавҷӯд дар ҳукуматҳои ҷумҳӯрӣ ҳам онро тазмин кардааст, пойбанд бошад ва аз иқдомоте, ки боиси аз ҳам гусехтагии бештари мардуми Фаронса мешавад ва ба нафъи ҳамзистии мусолиматомез ва каромати инсонӣ нест, даст бардорад”.

Агарчӣ тазоҳуркунандагони фаронсавӣ бори дигар аз давлати ин кишвар хостанд то ин қонунро канор гузошта ва озодиҳои мавҷӯд дар ин кишварро маҳдӯд накунад, аммо мақомоти фаронсавӣ ҳамчунон бетавваҷуҳ ба хостаи мардум ва ҳатто ормонҳои шиории ин кишвар мабни бар озодӣ ва риояти ҳуқуқи башар ва назоири он дар ростои аҳдофи исломситезонаи худ гом бармедоранд. Ин дар ҳоле аст, ки тазоҳуроти ахири фаронсавиён бори дигар нишон дод, ки ҷомеъаи Фаронса чунин рӯйкардҳоеро, ки дар ростои бозиҳои сиёсии мақомоти ин кишвар сӯрат мегирад намепазиранд. Чунон ки бисёре муътақиданд Макрон ва бархе мақомоти фаронсавӣ дар талош барои сарпӯш гузоштан бар костиҳои амалкарди худ дар бахшҳои мухталиф ва дар ростои ҳифзи мавқеъияти худ дар интихоботи ояндаи ин кишвар, чунин руйкардеро дар пеш гирифт ва он исрор доранд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: