Феврал 20, 2021 18:53 Asia/Dushanbe
  • Додгоҳи таҷдиди назари Маскав шикояти Навалний алайҳи ҳукми аслии додгоҳро рад кард
    Додгоҳи таҷдиди назари Маскав шикояти Навалний алайҳи ҳукми аслии додгоҳро рад кард

Додгоҳе дар Маскав эътирози "Алексей Навалний" саркардаи мухолифони давлати Русия ба ҳукми зиндонашро рад кард, аммо давраи зиндони вайро коҳиш дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳамзамон бо ташдиди танишҳои Вашингтон ва аврупоиҳо бо Маскав бар сари боздошти Алексей Навалний чеҳраи ғарбгарои мухолифи давлати Русия, як додгоҳ таҷдиди назар дар Маскав эътирози Навалний ба ҳукми додгоҳи аввалия барои ҳабси сеюним солаи ӯро рад кард, аммо зиндони вайро шаш ҳафта кам кард. 

Бо коҳиши шаш ҳафта ҳукми ҳабси Навалний, ин чеҳраи ғарбгарои мухолифи давлати Русия бояд ду солу ҳашт моҳро дар зиндон сипарӣ кунад. 

"Алексей Навалний " аз 29 декабри 2020 ба далели нақзи мукаррари муқаррароти озодии машрут дар Русия дар феҳристи афроди таҳти таъқиби полиси федероли ин кишвар қарор дошт. 

Дар пайи бемории вай дар парвозии дохилӣ аз "Томск ( Tomsk ) ба Маскав кишварҳои ғарбӣ муддаӣ  шуданд, ки ҳукумати Маскав, " Навалний "-ро бо гази заҳри Новичук заҳролуд кардааст, ин иттиҳоме, ки Маскав шадидан рад мекунад. 

Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин  пеш аз ин дар бораи навалний гуфта буд: Афроди  «чоҳталабу ташнаи қудрат» ҳамчун Навалний аз сӯи қудратҳои хориҷӣ мавриди истифода қарор мегиранд то Русияро тазъиф ва маҳор кунанд. 

Сухангӯи Кремл ҳам пештар бо радди иттиҳомзаниҳои ин чеҳраи мухолифи давлати Русия алайҳи Путин гуфта буд: Маскав иттилооте дорад, ки нишон медиҳад Навалний бо CIA ҳамкорӣ мекунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп