Кумаки билоавази тиббии Русия ба Қирғизистон
Русия дар ихтиёри Қирғизистон як озмоишгоҳи сайёр қарор медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказии "Олим Қодир Бешин Алиев, вазири беҳдошт ва тавсеаи иҷтимоии Қирғизистон бо "Анн Паева" раиси идораи назорат бар беҳдошт ва ҳимоят аз ҷомеаи башарӣ дар Маскав дидор кард.
Дар ин дидор тавофуқ шуд, ки Русия тести ташхиси корона ва як озмоишгоҳи сайёрро ройгон дар ихтиёри Қирғизистон қарор диҳад, зимни ин ки омӯзишҳои лозимро ба табибони Қирғизистон барои шиносоии коронаи англисӣ ва дигар вирусҳои ҷаҳишёфта хоҳад дод.
Ҳамчунин тарафайн тавофуқ карданд таҳқиқоти муштаракеро дар бораи вируси корона анҷом диҳанд.
Дар ин дидор тарафи қирғиз аз масъулони беҳдошти Русия хост, ки ба атбои Қирғизистон низ ҳамонанди дигар шаҳрвандон ваксинаи корона тазриқ шавад.
Бештар бихонед: