Феврал 27, 2021 11:50 Asia/Dushanbe
  • Муҷоҳид: Толибон тамдиди муҳлати хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро нахоҳад пазируфт
    Муҷоҳид: Толибон тамдиди муҳлати хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро нахоҳад пазируфт

Сухангӯи Толибон гуфт, ин гурӯҳ таҷдидиназар ё музокираи дубора дар бораи тавофуқи Давҳаро намепазирад ва агар Амрико ин тавофуқро нақз кунад, ин оғозгари ҷанге ҷадид хоҳад буд.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид афзуд, агар амрикоиҳо ба равиши мусолиматомез ба мо иҷозаи озодӣ намедиҳанд, мо ба василаи ҷанг кишвари худро озод хоҳем кард.

Сухангӯи Толибон дар бораи тасмими давлати Байден барои баррасии тавофуқи Қатар низ изҳор кард: “ҳар гуна тавофуқи ҷадид оғозгари як ҷанги ҷадид аст ва гурӯҳи Толибон ба ҳеч унвон тамдиди муҳлати хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро нахоҳад пазируфт.

Музокироти сулҳи Афғонистон, ки аз моҳи сентябри 2020 оғоз шудааст ба далели ихтилофоти зиёд ба кундӣ пеш меравад ва ба гуфтаи коршиносон тағйири давлат дар Вашингтон низ чашмандози ин музокиротро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.

БЕШТАР БИХОНЕД :

 

Барчасп