Байден: рӯзи душанбе дар бораи Арабистон эъломия содир мекунем
Раисиҷумҳури Амрико аз судӯри эъломияе дар бораи Арабистон ва парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар рӯзи душанбе хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико шанбешаб дар посух ба пурсише дар бораи инки оё Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудиро дар робита бо нақши вай дар қатли Ҷамол Хошқҷӣ муҷозот хоҳад кард гуфт, рӯзи душанбе эъломияе дар бора инки чӣ коре анҷом медиҳем, содир хоҳад шуд.
Вай ба ҷузъиёти бештар ишора накард.
Дафтари мудири иттилооти миллии Амрико ҷумъашаб гузоришиеро, ки дар бораи қатли Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди Оли Сауд таҳия карда буд, мунташир кард, ки дар он валиаҳди Арабистон масъули қатли Хошуқҷӣ эълом шудааст.
Амрико дар пайи интишори ин гузориш, 76 нафар аз саудиҳоро таҳрим, аммо аз таҳрими валиаҳди Саудӣ худдорӣ кард, ки ин рӯйкард бо интиқодоти шадиде мувоҷеҳ шуд.
Дар ҳамин ҳол Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ваъдаи вазъи қонунӣ барои таҳрими омилони ин қатлро дод ва бознигарӣ дар равобити Вашингтон ва Риёзро хостор шуд.
Пелоси дар баёнияе таъкид кард: Арабистони Саудӣ бояд бидонад, ки ҷаҳон назорагари иқдомоти «зананда»-и онҳо аст ва муртакибони ин амал посухгӯ хоҳанд буд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Давлати Амрико Муҳаммад бин Салмонро омили аслии қатли Хошуқҷӣ эълом кард
- Созмони милал: аҳкоми парвандаи Хошуқҷӣ машрӯъияти қонунӣ ва ахлоқӣ надорад