Феврал 28, 2021 15:04 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи террористии Боку Ҳаром саводомӯзиро барои донишомӯзон ҳаром медонад
    Гурӯҳи террористии Боку Ҳаром саводомӯзиро барои донишомӯзон ҳаром медонад

Ҳамалоти террористӣ дар кишварҳои ғарби Африқо, ба вижа Нигерия ҳамчунон идома дорад.

Дар тозатарини ин ҳамалот садҳо донишомӯзи нигерияӣ дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба як мадраса дар иёлати Замфара, дар шимоли ғарбии ин кишвар нопадид шуданд.

Тайи моҳҳои гузашта афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои Африқо, ба вижа кишварҳои ғарб ва минтақаи соҳилӣ бисёр эҳсосшаванда будааст. Боку Ҳаром аз ҷумлаи гурӯҳҳои террористӣ аст, ки ба вижа донишомӯзонро дар Нигерия ҳадафи ҳамалоти худ қарор медиҳад. То кунун ин гурӯҳи террористӣ илова бар куштани даҳҳо шаҳрванди нигерияӣ, садҳо донишомӯзи духтар ва писарро аз мадориси Нигерия рабудааст. Чунон ки чанд моҳи гузашта ин гурӯҳ дар ҳамла ба мадрасае дар иёлати Катсина, дар шимоли Нигерия беш аз 300 донишомӯзро рабуд. Акнун низ бори дигар беш аз 300 донишомӯзи писарро рабудааст.

Дар воқеъ ин гурӯҳи террористӣ саводомӯзиро ба вижа барои донишомӯзон ҳаром медонад, чунонки раҳбари гурӯҳи Боку Ҳаром дар паёми савтӣ, ки чанде пеш мунташир кард, ҳадаф аз ҳамла ба мадрасаи шабонарӯзӣ дар иёлати Катсинаро муқобила бо “омӯзиши ғарбӣ” унвон кард. Агарчӣ давлати Нигерия талош карда донишомӯзони ба асорат гирифташударо озод кунад, аммо то кунун муваффақияти чандоне надоштааст.

Дар воқеъ, гурӯҳи Боку ҳаром бо ба асорат гирифтани донишомӯзон аз як сӯ эҷоди тарсу ваҳшат кардаву аз сӯи дигар аз онҳо барои тақвияти нерӯҳои инсонии мавриди ниёзи худ истифода мекунад. Бисёре аз донишомӯзони ба асорат гирифташуда пас аз омӯзишҳои низомӣ дар амалиётҳои террористӣ ба кор гирифта мешаванд ва ҳатто бисёре аз онҳо барои анҷоми амалиётҳои интиҳорӣ (худкушӣ) мавриди истифода қарор мегиранд.

Гурӯҳҳои террористӣ дар ҳоле ба доманаи фаъолиятҳои худ афзудаанд, ки Муҳаммаду Буҳори аз замони ба даст гирифтани қудрат дар Нигерия ваъдаи мубориза ва нобудӣ бо ин гурӯҳҳо ва барқарории суботу амният дар ин кишварро додааст, аммо то кунун барномаи баландмуддат ва амалӣ дар ин замина эълом нашудаву иқдомоти суратгирифта низ кофӣ набудааст.

Дар воқеъ давлати Нигерия агарчӣ дар шиор азми ҷиддии давлат барои нобудии терроризм дар ғарби Африқоро эълом карда, аммо дар амал рӯйкарди дигареро дар пай гирифтааст. Давлати Нигерия, ба вижа тайи солҳои ахир равобити сиёсиву иқтисодии худро бо кишварҳои чун Арабистон густариш додааст ва барои баҳрамандӣ аз кумакҳои молии ин кишвар ва муттаҳидонаш бисёре аз сиёсатҳои худро дар ростои манофеъ ва хости ин кишварҳо танзим мекунад.

Мадови бин Муҳаммад Аррашид, устоди маркази Ховари Миёнаи мадрасаи улуми сиёсиву иқтисодии Лондон дар ин бора мегӯяд: Зуҳури қорчгунаи гурӯҳҳои террористӣ дар Африқо чун Боку Ҳаром дар Нигерия ва кишварҳои ҳамҷавор, бо ҳимояти лаҷистикӣ, молӣ ва таслеҳотии мустақими давлати Саудӣ имконпазир шудааст.

Дар воқеъ Нигерия дар талош аст на танҳо сустикориҳои худ дар мубориза бо терроризмро инкор кунад, балки аз ин фаъолиятҳо дар ростои исломситезӣ ва фишори бештар бар мусулмонони ин кишвар истифода намояд. Мавзӯе ки хости Арабистон ва муттаҳидони он аст.

Дафтари шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари ҷумбиши исломии Нигерия дар ин замина эълом кард: Аъзои гурӯҳи Боку Ҳаром ба ҳеч ваҷҳ намояндаи мусулмонон нестанд, ин гурӯҳ тавассути нерӯҳое эҷод шудааст, ки тасмим доранд чеҳраи сулҳомези Исломро нобуд кунанд.

Террористҳо дар Африқо дар воқеъ абзоре дар ихтиёри кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидони онҳо барои истифода аз сарвату мавқеияти кишварҳое чун Нигерия ҳастанд. Аз ин рӯ, ба назар намерасад давлати Нигерия ва дигар кишварҳои африқоӣ дағдағаи ҷиддӣ барои решакании фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ дошта бошанд, дар ин миён донишомӯзон қурбониёни аслӣ ҳастанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп