Март 01, 2021 18:55 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Амрико аз ҷанги 20 сола дар Афғонистон хаста шудаанд
    Мардуми Амрико аз ҷанги 20 сола дар Афғонистон хаста шудаанд

Дидабони давлати Амрико дар гузорише ба ҳадар рафтани миллиардҳо доллар ҳазинаи ҷанги 20 сола дар Афғонистон эътироф кард.

Ба гузориши «Ассошейтед Пресс», Дидабони давлати Амрико рӯзи душанбе дар гузорише эълом кард: Амрико миллиардҳо долларро дар Афғонистон барои сохтмонҳо ва мошинҳое ҳадар додааст, ки ё раҳо шуда ва ё аз байн рафтаанд.  

Дидабони давлати Амрико дар ин гузориш ёдовар шуд, ки ин кишвар 7 миллиарду 800 миллион доллар дар ҷанги Афғонистон ҳазина кардааст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки мардуми Амрико аз ҷанги 20 сола дар Афғонистон хаста шудаанд ва Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар ҳоли баррасии тавофуқи сулҳе аст, ки Доналд Трамп як соли пеш бо Толибон имзо кард.

Ин гузориш меафзояд: Тибқи ин тавофуқнома, Амрико бояд тасмим бигирад, ки оё ҳамаи нерӯҳои худро то аввали моҳи май аз Афғонистон хориҷ кунад ё ин ки дар ин кишвар бимонад ва эҳтимолан ҷангро тӯлонитар кунад.

Амрико ва муттаҳидонаш дар соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ба ин кишвар ҳамла карданд ва ин дар ҳоле аст, ки аз он замон то кунун ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон рушди чашмгире доштааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп