Хуфошҳо боз ҳам барои башар беморӣ меоваранд
Донишмандон дар бораи эҳтимоли бурӯз ва густариши бемории маргбортар аз корона боз ҳам аз тариқи хуфош(куршаппарак)-ҳо ҳушдор доданд.
Ба гузориши Спутник, вируси нипо, ки аз тариқи хуфошҳо мунтақил мешавад, метавонад боиси навъе бемории ҳамагир бо маргу мир то 75 дарсад шавад.
Донишмандон ҳушдор доданд, ки давра нуҳуфтагии вируси нипа то 45 рӯз тӯл мекашад ва дар ин муддат афрод то замоне, ки бемории худро дарк кунанд, метавонанд дигаронро олӯда кунанд.
Ба гуфтаи раиси гурӯҳи биохимияи молекулавӣ ва ҳуҷайра дар Донишгоҳи Кентукки ИМА, нипа қодир ба ҷаҳиш ва уфӯнати бештар аст.
Агарчӣ дар гузашта эътиқод бар ин буд, ки ин вирус пас аз хӯрдани меваҳои олӯда шуда аз тариқи хуфош ба афрод мунтақил мешавад, аммо донишмандон мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки ин вуруси шуюи бештаре дорад ва ҳатто дар сӯрати масраф накардани ин меваҳо низ имкони интиқоли он вуҷӯд дорад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Мушоҳидаи анвои ҷадиди корона дар кӯршапаракҳои Чин
- Хафошҳои хуношом беҳдошти бемориро риоят мекунанд