Ҷузъиёти тарҳи Халилзод дар бораи ташкили ҳукумати интиқолӣ дар Афғонистон
Намояндаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон аз ироаи тарҳи ҳукумати интиқолӣ ба давлати Афғонистон хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории «Шафақно», Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон тарҳи ҳукумати нав барои ин кишварро ба раҳбарони сиёсии Кобул ироа кардааст.
Бар асоси ин тарҳ қарор аст як сохтори сиёсии нав ба номи «Давлати интиқолии сулҳи Афғонистон» эҷод шавад, ки дорои се қувваи мустақил шомили иҷроӣ, шӯрои миллӣ ва қонунгузорӣ буда, ҳар кадом дорои додгоҳи олӣ ва додгоҳҳои маҳаллӣ бошанд.
Бар асоси ин санад, ки дар 10 сафҳа ба англисӣ таҳия шуда, як шӯрои олии фиқҳи исломӣ ва як камиссияи таъдили қонуни асосӣ низ эҷод мешавад.
Халилзод ҳамчунин эълом кардааст, ба зудӣ ин тарҳро бо Толибон ба баҳс мегузорад.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти давлати Афғонистон дар бораи пойбандии Толибон ба сулҳ пас аз тавофуқ тардид доранд ва мегӯянд, ин гурӯҳ ҳамчунон ба дунболи ҷанг ва хунрезӣ аст.
Бештар бихонед:
- Ташкили давлати муваққат, хости бузургтарин гурӯҳи оппозитсияи давлати Афғонистон
- Мухолифати давлати Афғонистон бо барпоии низоми «Иморати исломӣ»