Пешбинии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз поёни ҳамагирии корона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i63332-Пешбинии_Созмони_беҳдошти_ҷаҳонӣ_аз_поёни_ҳамагирии_корона
Раиси бахши аврупоии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гуфт : Ҳамагирии корона авоили соли ояндаи милодӣ ( 2022 ) ба поён хоҳад расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 07, 2021 15:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳамагирии корона авоили соли ояндаи милодӣ ( 2022 ) ба поён хоҳад расид
    Ҳамагирии корона авоили соли ояндаи милодӣ ( 2022 ) ба поён хоҳад расид

Раиси бахши аврупоии Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гуфт : Ҳамагирии корона авоили соли ояндаи милодӣ ( 2022 ) ба поён хоҳад расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳанс  Клуг-раиси бахши Аврупо дар Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ( WHO ) дар мусоҳиба бо нашрияи Де Велти Олмон гуфт : тасаввур мекунам, ки ҳамагирӣ дар авоили соли 2022 поён ёбад .

Клуг афзуд : Ин бадон маъно нест, ки вируси корона аз байн рафтааст, аммо умедворем ки то он замон дигар ҳеч мудохилаи мухталкунандае вуҷуд надошта бошад.

  Ин мақоми Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар айни ҳол дар мавриди хатари ҷаҳишҳои вируси корона ҳушдор дод ва таъкид кард ки бархе аз онҳо беш аз 50 дарсад зудтар густариш меёбанд ва метавонанд раванди ҷиддии бемориро таҳрик кунанд .

 

  Бештар бихонед :