Амрико; бузургтарин таҳдид зидди Чин
Дар идомаи танишҳои лафзӣ миёни мақомоти Пекин ва Вашингтон ин бор Си Ҷин Пин, раисиҷумҳури Чин дар изҳороте Амрикоро бузургтарин таҳдид барои амнияти кишвари худ донистааст.
Раисиҷумҳури Чин Амрикоро на танҳо бузургтарин таҳдид барои амният ва тавсеъаи кишвараш, балкӣ бузургтарин маншаи ҳарҷу мараҷ дар дунёи имрӯз хондааст. Изҳороти Си Ҷин Пин дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ба рағми бархе ҳадсу гумонҳо аз эҳтимоли тағйири рӯйкарди Вашингтон нисбат ба Пекин бо рӯйи кор омадани Ҷо Байден, изҳороти ахири бархе мақомҳои ҳукӯмати Байден дар бораи Чин нишон дод, ки Байден низ ҳамон сиёсатҳои саркубгаронаи давлати пешин ба раёсати Доналд Трампро дунбол мекунанд.
Аз ҷумла вазирони дифо ва умӯри хориҷаи Амрико дар изҳороти ахири худ Чинро нахустин чолиш барои Амрико хондаанд ва фармондеҳи нерӯҳои низомии Амрико дар минтақаи Ҳинд ва Уқёнуси Ором ҳам хостори афзоиши боздорандагии Амрико дар баробари Чин шудааст.
Дар ҳоли ҳозир ин пурсиш матраҳ мешавад, ки чарои давлати Амрико сарфи назар аз инки чӣ ҳизбе дар Кохи Сафед рӯйи кор биёяд, ба дунболи ташдиди таниш бо Чин аст ва Амрико асосан бо ин сиёсат ба дунболи чӣ аҳдофе аст?
Ончӣ мусалламаст, танишҳо байни Амрико ва Чин бахши густардае аз мавзуоти шомили масоили иқтисодӣ, тиҷорӣ, геополитикӣ ва стротежиро дар бар мегирад ва бо мудохилаҷӯиҳои мукаррари Вашингтон дар умуре аз қабили Ҳонконг, Тайван ва ихтилофоти сарзаминӣ дар дарёи Чини ҷанубӣ ва шарқӣ шиддат гирифтааст. Ба ҳамин далел аст, ки раисиҷумҳурии Чин, Амрикоро маншаи ҳарҷу мараҷ дар дунёи имрӯз дониста ва ин кишварро бузургтарин таҳдид барои амният ва тавсеъаи кишвари худ тавсиф кардааст.
Ба ҳар ҳол, таниши миёни Чину Амрико дар шароите дар даврони Байден идома дорад, ки Чин ёздаҳумин соли паёпай рушди иқтисодии худро ба унвони бузургтарин қутби тавлидии ҷаҳон ҳифз кардааст. Ба гузориши вазорати санъат ва фанноварии иттилооти Чин, иқтисоди ин кишвар тақрибан 30 дарсад аз тавлиди ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дар панҷ соли гузашта миёнгини нархи рушди арзиши афзӯдаи тавлидот бо фанноварии пешрафтаи Чин ба беш аз 10 дарсад расидааст. Ба баёни дигар бо вуҷӯди мушкилоти ҷиддӣ ва печидаи ношӣ аз бемории ҳамагири корона, Чин муваффақ шудааст, рушди иқтисодии худро ба нархи қабл аз ҳамагирӣ баргардонад ва ба унвони танҳо иқтисоди бузург дар ҷаҳон рушди мусбатро таҷриба кунад. Коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, баровардҳои ҷадид нишон медиҳад, ин кишвар зудтар аз пешбиниҳо аз Амрико ба унвони бузургтарин иқтисоди ҷаҳон пеш меафтад.
Бештар бихонед:
- Иқтисоди Чин то соли 2028 Амрикоро пушти сар мегузорад
- Гузориши вижа: фишори равонии Амрико бар Чин ба хотири ҷилавгирӣ аз қудратмандтар шудани ин кишвар
- Чин: Амрико ба дунбол ба хатар андохтани субот аст