Март 14, 2021 14:20 Asia/Dushanbe
  • Парлумони Аврупо аз Туркия хостааст ҳар чӣ зудтар нерӯҳои худро аз Сурия хориҷ кунад
    Парлумони Аврупо аз Туркия хостааст ҳар чӣ зудтар нерӯҳои худро аз Сурия хориҷ кунад

Бо вуҷуди талошҳои ахири Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар хусуси ҳалли ихтилофоти ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя, ба назар мерасад ихтилофоти Туркия бо Иттиҳоди Аврупо дар умури Сурия дар ҳоли афзоиш аст.

Вазорати умури хориҷаи Туркия бо интишори баёнияе, зимни радди иттиҳомоти парлумони Аврупо дар бораи тахаллуфоти ин кишвар дар Сурия таъкид кард: Туркия миллионҳо овораи суриро дар хоки худ мизбонӣ карда ва ба иллати буҳрон дар Сурия ба танҳоӣ масъулиятҳои бузургеро мутаҳаммил шудааст.

Мухолифати Туркия бо дархости парлумони Аврупо дар хусуси хориҷ кардани нерӯҳояш аз Сурия нишондиҳандаи ин воқеият аст, ки мақомоти Анкара қасди ҳалли ихтилофҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва Иттиҳоди Аврупо надоранд.

Дар ҳоле ки изҳори назарҳои сиёсатмадорони турк нишон медиҳад, ки мақомоти Анкара ба манзури харидани вақту фурсат, ҳар аз гоҳе ба изҳори назарҳои хушбинонае назири ҳалли ихтилофҳои мутақобил бо кишварҳои ҳамсоя ва Иттиҳоди Аврупо сухан ба миён меоварданд.

Дар ҳамини иртибот, Макс Ҳофман, аз таҳлилгарони Маркази тараққии амрикоӣ (Center for American Progress) гуфтааст: “Равобити Туркия ва муттаҳидони ғарбиаш дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз беш аз як даҳаи гузашта ҳамвора дар як раванди нузулӣ ва рӯ ба коҳиш қарор доштааст”.

Парлумони Аврупо дар даҳумин соли ҳокимияти буҳрон дар Сурия, бо тасвиби лоиҳае аз Туркия хостааст, ҳарчӣ зудтар нерӯҳои худро аз Сурия хориҷ кунад.

Дар вокуниш ба баёнияи парлумони Аврупо, Вазорати умури хориҷаи Туркия дар баёнияи худ лашкаркашӣ ба Сурия ва мудохилаи низомӣ дар ин кишварро ҳаққи қонунии дифоъ аз худ тавсиф кардааст.

Артиши Туркия ба баҳонаи мубориза бо террористҳо, аз беш аз ду соли пеш бахшҳое аз манотиқи шимол ва шимолишарқи Сурияро ишғол кардаву гурӯҳе аз низомиёни турк ҳамчунон дар ин манотиқ ҳузур доранд.

Таҷовузи артиши Туркия ба шимоли Сурия бо маҳкумияти мардум ва давлати Сурия ва ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.   

Дар  шароити феълӣ бояд гуфт, Туркия ва Иттиҳоди Аврупо мушкилоти зиёде доранд. Аммо дар як тақсимбандии куллӣ метавон мушкилоти Туркия ва Иттиҳоди Аврупоро ба ду даста тақсим кард:

Дастаи нахуст, ихтилофҳои марбут ба шароити узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо ва интиқодҳои ин иттиҳодия алайҳи давлати Туркия дар ҳавзаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, озодии баён ва расона, коркарди дастгоҳи қазо, ҳуқуқи ақаллиятҳо ва масоили муртабит бо ҳавзаи демократия ва озодиҳои фардиву иҷтимоӣ ва масоили марбут ба ҳуқуқи башар ва ҳамчунин масоили гумрукии муртабит бо Ғарб аст.

Дувумин даста аз ихтилофҳои Туркия ва Иттиҳоди Аврупо дар масоили муртабит бо сиёсати хориҷӣ реша дорад, ки дар садри онҳо ихтилоф бар сари Кипр ва иқдомоти Туркия барои таъсиси давлати мустақили Кипри турк ва таниш миёни Туркия ва Юнон, ҳаффорӣ дар шарқи баҳри Миёназамин ва масоили Сурия қарор гирифтааст.

Муруре бар ин ихтилофҳо нишон медиҳанд, ки ҳалли ихтилофҳо бо Ғарб, дар кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат ғайримумкин аст. Ба ҳамин далел, изҳороти давлатмардони турк дар хусуси ҳалли ихтилофҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва Иттиҳоди Аврупоро набояд чандон ҷиддӣ талаққӣ кард.

Дар ин шароит нуктаи қобили тааммул, талоши Иттиҳоди Аврупо барои берун рондани Туркия аз заминҳои Сурия аст. Табиист, ки давлатҳои аврупоӣ ҳадафе ҷуз ҷойгузин кардани давлатҳои ғарбӣ ва ҷараёнҳои мухолифи давлати Димишқ дар Сурия надоранд.

Давлати Анкара ба баҳонаи саркӯби ҷараёнҳое назири ҳизби коргарони Курдистони Туркия (П. К. К.) ба Ироқ ва Сурия ҳамла кардааст. Аз замони оғози ин ҳамалот Туркия на танҳо дастоварде надошта, балки ба баҳонаи ҳамин ҳузури ғайриқонунӣ, ихтилофҳои худро бо Ғарб ташдид кардааст.

Дар ҳақиқат, ишғоли заминҳои Сурия илова бар ташдиди ихтилофоти Туркия бо Сурия, ба ихтилофоти Туркия бо Амрико ва Иттиҳоди Аврупо низ доман зада ва ин мавзуъ ба зиёни манофеи миллии Туркия дар дарозмуддат табдил шудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп