Март 14, 2021 16:21 Asia/Dushanbe
  • Ин нишасти ҳизбиро созмони « Русияи дигар » ба раҳбарии Алексий Навалний баргузор кард
    Ин нишасти ҳизбиро созмони « Русияи дигар » ба раҳбарии Алексий Навалний баргузор кард

Маъмурони полиси Маскав 200 нафар аз аъзои созмони сиёсӣ «Русияи дигар»-ро дар як нишасти ҳизбӣ ба ҷурми поймолсозии усули пешгирӣ аз интишори бемории корона боздошт карданд.

    Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, идораи вазорати дохилаи Русия  дар Маскав дар баёнияе эълом кард, ки ҳудуди 200 нафар дар меҳмонхонае дар ноҳияи Измайлово дар шарқи Маскав гирд омада ва мехостанд нишасти ҳизбӣ баргузор кунанд.

   Дар ин баёния гуфта шудааст, ки ин афрод усули пешгирӣ аз бемории коронаро нақз карда буданд ва бисёрӣ аз онҳо ниқоби тиббӣ ва дасткаши як бор масраф ба ҳамроҳ надоштанд

   Афроди ҳозир дар ин нишасти ҳизбӣ, ки бо номи нишасти “Иттиҳоди демократҳо” баргузор шуд ва созмони « Русияи дигар » ба раҳбарии Алексий Навалний онро баргузор кард ба марказҳои полис мунтақил шуданд ва таҳқиқот дар мавриди онҳо идома дорад .

   Бархе расонаҳои русӣ аз ҷумла шабакаи телевизиюнии РНТВ ва радиои Эхо Масква дар ин нишаст мухолифони давлати Русия ширкат доштанд .

    Бештар бихонед :

 

Барчасп