Судури фармони бозсозии масҷидҳо дар шаҳри Шушаи Қарабоғи Кӯҳӣ
(last modified Thu, 18 Mar 2021 04:51:47 GMT )
Март 18, 2021 09:51 Asia/Dushanbe
  • Илҳом Алиев фармони бозсозии масҷидҳои шаҳри Шуша дар минтақаи Қарабоғро содир кард.
    Илҳом Алиев фармони бозсозии масҷидҳои шаҳри Шуша дар минтақаи Қарабоғро содир кард.

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, фармони бозсозии масҷидҳои шаҳри Шуша дар минтақаи Қарабоғро содир кард.

Ба гузориши рӯзномаи «"Yeni Masavat"»-и ҷумҳурии Озарбойҷон, "Илҳом Алиев" , раиси ҷумҳурии ин кишвар дар сафар ба минтақаи Қарабоғ гуфт: мақбараи «Мулло Паноҳи Воқиф » шоири маъруф дар Шуша низ мариммат хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон баъд аз беш аз чиҳил рӯзи даргирии низомӣ бар сари минтақаи Қарабоғ бо миёнаравии Русия ба барқарории оташбас тавофуқ карданд.

Даргириҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, ки аз 27-и сентябри 2020 дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуда буд, 9 ноябри 2020 бо имзоии тавофуқномаи сулҳ миёни раиси ҷумҳурии Озарбойҷон, нахуствазири Арманистон ва раиси ҷумҳурии Русия поён ёфт. 

 Бар асоси ин тавофуқ, назорати манотиқе дар минтақаи Қарабоғ, ки дар даргириҳои ахир байни низомиёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба дасти нерӯҳои ин кишвар афтодааст ба ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шуд.

 

Бештар бихонед: