Корона ҷони Раиси ҷумҳурии Танзанияро гирифт
Март 18, 2021 13:58 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Танзания бар асари мубтало шудан ба корона даргузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ройтерз Раиси Ҷумҳурии 61-солаи Танзания , Ҷон Помбе Магуфулӣ рӯзи чаҳоршанбе чанд рӯз пас аз мубтало шудан ба вируси корона ва ногувор шудани авзои ҷисмониаш ҷон бохт.
Мушовир ва ноиби раисҷумҳури Танзания Самия Ҳасан марги Магофолиро тасдиқ кард.
Баъзе манбаъҳои хабарӣ инчунин хабар доданд, ки раисҷумҳури Танзания бар асари сактаи қалбӣ фавтидааст.
Ҷон Помбе Магуфули аз соли 2015 раиси ҷумҳурии Танзания ва пеш аз ин узви порлумон ва вазири моҳидорӣ будааст.
Бештар бихонед:
Барчасп