Март 28, 2021 19:52 Asia/Dushanbe
  • Ваксинатсияи беш аз 100 миллион чинӣ дар баробари корона

102 миллиону 417 ҳазор нафар то кунун дар саросари Чин дар баробари вируси корона ваксина шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, Комиссияи миллии беҳдошти Чин рӯзи якшанбе эълом кард: Ваксинатсия дар кишвар бар асоси авлавиятбандӣ дар гурӯҳҳои калидӣ ва гурӯҳҳои пурхатар дар ҷараён аст. Гурӯҳҳои калидӣ ва пурхатар ба афроде гуфта мешавад, ки дар маҳалли кор дар маърази хатари зиёд бо вируси корона қарор доранд.

Ли Бин, муовини Комиссияи миллии беҳдошти Чин (NHC) гуфт: Гурӯҳҳои пурхатар умдатан афроди солманд ва афроде, ки бемориҳои заминаӣ дорандро шомил мешавад.

Мақоми чинӣ афзуд: Комиссияи миллии беҳдошти Чин ба таври муназзам ҳарорати ваксинаҳоро дар фароянди захирасозӣ ва ҳамлунақл контрол мекунад то аз эминӣ ва асарбахшии онҳо итминон ҳосил кунанд.

Ваксинатсия дар Чин бо истифода аз чаҳор ваксинаи сохти ширкатҳои Синофарм, Синовак ва Консино идома дорад.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп