Вокуниши Байден ба тавофуқи 25 солаи Эрон ва Чин + видео
Раиси ҷумҳурии Амрико ба имзои тавофуқи 25 сола миёни Эрон ва Чин вокуниш нишон дод.
Ба гузориши ИРНА, Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико шомгоҳи якшанбе (28 март) ба вақти маҳаллӣ дар вокуниш ба имзои тавофуқи 25 сола миёни Эрон ва Чин гуфт, ки аз муддатҳо қабл дар мавриди мушорикати Эрону Чин нигарон будааст.
Санади барномаи ҳамкории ҷомеи Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷумҳурии халқии Чин, мавсум ба барномаи 25 сола рӯзи шанбе дар Теҳрон ба имзои Муҳаммадҷаводи Зариф ва Ванг И, вазирони умури хориҷаи ду кишвар расид.
Ин санад зарфиятҳо ва чашмандози ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҷумҳурии халқии Чинро дар заминаҳои мухталиф мавриди баҳс қарор додааст.
Расонаҳои амрикоӣ имзои ин тавофуқро талоши Теҳрон ва Пекин барои давр задани сиёсатҳои таҳримии Амрико ва посухе ба сиёсатҳои муқобилаҷӯёнаи Вашингтон алайҳи Эрон ва Чин хондаанд.
Бештар бихонед:
- Барномаи ҷомеи ҳамкории Эрон ва Чин ниҳоӣ шуд
- Ифшогарии мақоми амрикоӣ дар бораи тавтеаи Кохи Сафед алайҳи Чин ва Эрон