Имкони густариши вируси корона аз озмоишгоҳи низомии амрикоӣ
(last modified Thu, 01 Apr 2021 12:25:32 GMT )
Апрел 01, 2021 17:25 Asia/Dushanbe
  • Имкони густариши вируси корона аз озмоишгоҳи низомии амрикоӣ

Вазорати хориҷаи Чин эълом кард, ин имкон вуҷуд дорад, ки вируси корона аз озмоишгоҳи низомии Амрико густариш ёфта бошад.

Ҳуа Чунин, сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар посух ба баёнияи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом кард, имкони интишори вируси корона аз озмоишгоҳи низомии амрикоии “Форт –Детрике” вуҷуд дорад.

Ин дипломати чинӣ афзуд: Таҳқиқоти зиёде дар бораи эҳтимоли густариши вирус аз Вуҳон анҷом шудааст, аммо дарҳои “Форт Детрике” чӣ замоне боз хоҳад шуд?

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин изофа кард: Чаро касе дар бораи озмоишоти “Форт –Детрике” намепурсад? Ахбори ин озмоишот дар соли 2019 пахш шуд, вале билофосила ҳама чиз пинҳон шуд. Ин сукут барои чист?

“Форт-Детрике” яке аз озмоишгоҳҳои биологии Амрико аст, ки ҷузъе аз озмоишгоҳҳои дараҷаи 4 ҳисоб мешавад. Амрико ин озмоишгоҳҳои биологиро берун аз хоки худ дар кишварҳое мисли Украина, Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон сохтааст, ки солона боиси марги чандин ҳазор нафар мешавад, вале ҳеч гоҳ ниҳодҳои байналмилалӣ дар бораи он таҳқиқ намекунанд.