Тоҷикҳо пешгоми дарёфти тобеияти Русия дар соли 2020
-
Дар соли 2020, тақрибан 10 фоизи ҳамаи шаҳрвандони Русияро тоҷикон ташкил медоданд.
Вазорати кишвари Русия эълом кард, ки дар соли 2020 беш аз 64 ҳазор нафар аз тоҷикҳо тобеияти он кишварро дарёфт кардаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати кишвари Русия, дар соли 2020 наздик ба 565 ҳазор хориҷӣ муваффақ ба дарёфти тобеияти русӣ шудаанд, ки беш аз 64 ҳазор нафар аз онҳо тоҷик мебошанд.
Дар соли 2019 беш аз 44 ҳазор нафар тоҷик тобеияти русӣ дарёфт карда буданд.
Генерал Валентинаи Казакова мудири идораи умури муҳоҷират дар Вазорати кишвари Русия гуфтааст, ки бар асоси қонуни ҷадиди замони баррасии дархости хоҳишмандон дарёфти тобеъияти ин кишвар ба се моҳ коҳиш дода шуд ва мутахассисон дар авлавияти эътоии тобеъият қарор доранд.
Аз дидгоҳи Олгачудин Афсих устоди риштаи иқтисод ва ҷамъият дар Донишгоҳи давлатии Маскав далели умдаи афзоиши мутақозиёни дарёфти тобеъияти Русия аз Тоҷикистон дар солҳои ахир вуҷуди созшномаи дутобеъиятӣ миёни Душанбе ва Маскав аст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои хонаводаҳои онон заминаи муҳоҷират ба Русия барои кору зиндагиро фароҳам месозад.
Бештар бихонед: