Апрел 04, 2021 11:26 Asia/Dushanbe
  • Улянов : Пешбинӣ мешавад иқдомот барои эҳёи Барҷом муваффақ бошад
    Улянов : Пешбинӣ мешавад иқдомот барои эҳёи Барҷом муваффақ бошад

Намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена эълом кард, ки вазъи нодир ва бесобиқае дар бораи Барҷом ба вуҷуд омадааст ва ҳамаи ширкаткунандагони Барҷом ва низ Амрико барои эҳёи тавофуқи ҳастаӣ талош мекунанд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Михаил Улянов дар тветте  навишт : Чунин ба назар мерасад, ки аҳдофи роҳбурдӣ бо якдигар мутобиқат мекунад ва ҷои хушбинӣ вуҷуд дорад.

  Улянов бо баёни инки пешбинӣ мешавад иқдомот барои эҳёи Барҷом муваффақ бошад, идома дод : Аммо дар ин масир ихтилофоти зиёде вуҷуд дорад ва фақат бо талошҳои муштарак ва ҳамкорӣ метавон онро бартараф кард.

 Нишасти комиссиюни муштараки Барҷом рӯзи ҷумъа баргузор шуд ва ширкаткунандагон дар бораи дурнамои эҳтимоли бозгашти Амрико ба Барҷом ва итминон аз иҷрои комилу муассири ин тавофуқ гуфтугӯ карданд .

  Михаил Улянов-намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмиллалӣ дар Вена ба тозагӣ дар гуфтугӯии телевизиюнӣ низ эълом кардааст, ки вазъи эҳёи Барҷом дар яку ним то ду моҳи оянда равшан мешавад.

 

  Бештар бихонед :

 

 

 

Барчасп