Афви Байналмилал: Кишварҳои сарватманд ваксинаи коронаро эҳтикор кардаанд
Созмони Афви Байналмилал кишварҳои сарватмандро ба далели ҳаннотии ваксинаи корона маҳкум кард.
Ба гузориши ИРНА, Созмони Афви Байналмилал рӯзи чаҳоршанбе дар гузориши солонаи худ эълом кард: Кишварҳои сарватмандтар дар ҳоле ки Чин ва дигар кишварҳоро ба баҳрабардорӣ аз ҳамагирии вируси корона барои тазъифи ҳуқуқи башар муттаҳам мекунанд, бо эҳтикор (ҳанноти)-и ваксинаҳои Ковид - 19 дар ибтидоитарин озмун барои ҳамбастагии ҷаҳонӣ шикаст хӯрданд.
Агнес Калламард, раиси Созмони Афви Байналмилал ҳам зимни дархости суръат бахшидани фаврии тақсими ваксина дар сатҳи ҷаҳонӣ гуфт: Ҳамагирии вируси корона аз нотавонии ҷаҳон барои ҳамкории муассир ва одилона парда бардошт.
Калламард афзуд: Кишварҳои сарватманд тақрибан инҳисори арзаи ваксинаи коронаро дар ҷаҳон дар даст гирифта ва кишварҳои фақирро барои мувоҷиҳа бо бадтарин паёмадҳои буҳрони беҳдоштӣ ва ҳуқуқи башар ба ҳоли худ раҳо кардаанд.
Пештар Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳам ҳамагирии коронаро яке аз чолишҳои бузурги қарни муосир донист ва бо эътироф ба вуҷуди нобаробарӣ дар дастрасӣ ба ваксинаи Ковид - 19 миёни кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли тавсеа, тақсими зудтар ва густардаи ваксинаи коронаро дар ҷаҳон хостор шуд.
Бештар бихонед:
- Апартейди ҷаҳонии дору ва мамнуияти содироти ваксинаи корона аз Аврупо ба дигар кишварҳо
- Рӯҳонӣ: Умедворем Эрон то поёни 1400 содиркунандаи ваксинаи корона шавад
- Эминӣ ва короии ваксинаи дувуми Русия алайҳи вируси корона исбот шуд