Маскав : Байден фош кард чи қадр аз Русия ва Чин метарсад
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, ки Байден баҳои ҳароси Вашингтон аз Маскаву Пекинро фош кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Мария Захарова-сухангӯи вазорати хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа гуфт : « Дархости 715 миллиард долларии Ҷо Байден, раиси ҷумҳӯри Амрико аз Конгресс барои муқобила бо Русияву Чин, баҳои ҳароси Амрикоро фош кард . »
Вай ки дар паёме дар Фейсбук ин матлабро унвон мекард, афзуд : « Ба содагӣ сандуқ боз шуд ва Кохи сафед қимати ҳароси худ аз Русияву Чинро эълом кард .»
Захарова изофа кард : « Нобудии равобит бо Русияву Чин 715 миллиард доллари изофӣ ба андозсупорандагони амрикоӣ бор хоҳад кард ва ин илова бар қарзҳои давлати Амрико аст, ки дар сентябри 2020 ба 26.9 триллион доллар расида буд . »
Дар тарҳи буҷети давлати Ҷо Байден, ки рӯзи ҷумъа тақдими Конгресси Амрико шуд аз таҳдиди Чин ба унвони чолиши аввали вазорати дифои Амрико ном бурда шуд ва Байден афзоиш ёфтани буҷети вазорати дифои Амрико ба 715 миллиард долларро барои муқобила бо Чину Русия хостор шудааст .
Бештар бихонед :