Апрел 11, 2021 10:04 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти рус : Кремл нигарони шурӯи эҳтимолии ҷанги дохилӣ дар Украина аст
    Мақомоти рус : Кремл нигарони шурӯи эҳтимолии ҷанги дохилӣ дар Украина аст

Андрей Таран-вазири дифои Украина бо афзоиши танишҳо дар шарқи ин кишвар дар бора ончӣ ки иқдомоти таҳрикомези Русия хонд, ҳушдор дод .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории  Райтер,Таран шомгоҳи шанбе гуфт : Эҳтимол дорад Украина дар паи ситезаҷӯиҳои Русия ба даргирӣ дар минтақаи Донбас, воқеъ дар шарқи ин кишвар таҳрик шавад .

    Вазири дифои Украина изофа кард : Иддаоҳои Маскав дар бора поймолсозии ҳуқуқи русзабонҳо дар шарқи Украина  метавонад далели азсаргерии ситезаҷӯиҳои мусаллаҳонаи Русия алайҳи Украина бошад .

Андрей Таран афзуд : Ҳамзамон бояд тавваҷуҳ дошт, ки ташдиди ситезаҷӯии мусаллаҳонаи федерасиюни Русия алайҳи Украина эҳтимолан фақат замоне рух медиҳад, ки тасмими сиёсии муртабит дар олитарин сатҳи Кремл гирифта шуда бошад .

  Украиниҳо ҳафтаи гузаштаи Русияро ба истиқрори нерӯҳои низомӣ дар атрофи марзҳои муштарак муттаҳам карда ва муддаӣ шуданд,ки ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия оташбас дар шарқи Украинаро поймол мекунанд .

   Киев чанде пеш аз Амрико кумаки низомии чандсадмиллион долларии шомили худравҳои зиреҳӣ, паҳподу мӯшакҳои зидди танк дарёфт карда ва машғӯли анбошти онҳо дар наздикии марзи Русия аст .

    Рӯзи ҷумъа низ Димитрей  Псков-сухангӯи кохи Кремл бо ҳушдор дар бораи наздик шудани шароити шарқи Украин ба инфиҷор ва эҳтимоли вуқуъи даргирӣ гуфт : Кремл нигарони шурӯи эҳтимолии ҷанги дохилӣ дар ин кишвар аст .

    

  Бештар бихонед :

 

Барчасп