Путин: Русия бояд қудрати фазоӣ боқӣ монад
-
Путин: Русия бояд қудрати фазоӣ боқӣ монад
Раиси Ҷумҳурии Русия гуфт, ки кишвараш бояд қудрати фазоии худро ҳифз кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Владимир Путин рӯзи душанбе дар солгарди сафари Юрий Гагарин ба кайҳон гуфт, "Русия бояд қудрати бузурги ҳастаӣ ва фатҳкунандаи кайҳон боқӣ бимонад".
Путин, ки ба сурати видеоконференсия дар маросиме бо ҳузури аъзои давлат ба ҳамин муносибат сӯҳбат мекард, илова кард: "Русия дар қарни 21 бояд ҷойгоҳи худро байни қудратҳои ҳастаӣ ва фазоӣ дар ҷаҳон ҳифз кунад, зеро фазо мустақиман бо дифоъ рабт дорад."
Вай ба таҳия ва татбиқи стратегияи рушди кайҳонии Русия барои ҳадди аққал 10 соли оянда даъват кард.
"Пешгомии Русия барои кушодани роҳ ба кайҳон мояи сарбаландии мост", гуфт Раиси Ҷумҳурии Русия ва дастовардҳои Юрий Гагаринро ситоиш кард.
60 сол пеш, 12 апрели соли 1961, Юрий Гагарин бо киштии кайҳонии "Восток" нахустин парвози кайҳониро дар таърих анҷом дод, ки 106 дақиқа давом кард.
Бештар бихонед: