Апрел 14, 2021 10:41 Asia/Dushanbe
  • Бозидиди Алиев аз намоишгоҳе, ки кулоҳҳои низомиёни арманӣ дар он ба намоиш гузошта шудааст, хашми Ереванро барангехтааст
    Бозидиди Алиев аз намоишгоҳе, ки кулоҳҳои низомиёни арманӣ дар он ба намоиш гузошта шудааст, хашми Ереванро барангехтааст

Ереван рӯзи сешанбе дар пайи намоиш додани ғаниматҳои ҷангии даргирии низомии Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, Бокуро ба таҳарруки нафрати қавмӣ муттаҳам кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Франс пресс,  Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи душанбе аз намоишгоҳи ғаниматҳо ва таҷҳизоти низомии ба даст омада аз нерӯҳои Арманистон дар даргирии сентябр то ноябри 2020 дидан кард, ки дар он садҳо кулоҳҳои металии низомиёни армании кушташуда ба ҳамроҳи тандисҳои мумии онон ба намоиш гузошта шуда буд.

Ин намоишгоҳ, ки қарор аст барои боздиди умумӣ гушуда шавад, мӯҷиби хашми Арманистон шуд ба гунае, ки  додситон Армен Татоян, онро " исботи сиёсати наслкушии Бокӯу" донист ва гуфт: «Кушоиши ин намоишгоҳ ошкорои нафрати ниҳодинаи Ҷумҳурии Озарбойҷон нисбат ба арманҳоро таъйид мекунад .»

Дар даргирии 44 рӯза миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, ки 27 сентябри 2020 оғоз шуд артиши Ҷумҳурӣ Озарбойҷон тавонист бахшҳои муҳимме аз сарзаминҳои худ дар Қарабоғро, ки дар ишғоли Арманистон буд озод кунад. 

Бо имзои баёнияи сулҳи Қарабоғ дар шаби 10 ноябр дар Маскав миёни Владимир Путин раисҷумҳури Русия,  Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон  Илҳом Алиев ва  нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ин ҷанг поён ёфт.

Арманистон дар ҷанги Қарабоғ 2020 ҳудӯуи 2 ҳазору 500 кушта дод.

 

Бештар бихонед:

Барчасп