Эрон дар масири иқтидори дифоӣ бо таслиҳоти бумӣ ва технологияҳои навин
Порс Тудей - Вазорати дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 31-уми мурдод, Рӯзи саноати дифоӣ, баёнияе содир кард.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 31-уми мурдод, Рӯзи саноати дифоӣ, бо содир кардани як баёния, таъкид кард: Дастовардҳои фарзандони миллат дар соҳаҳои мухталифи мушакӣ, таслиҳотӣ, фазоӣ ва тарроҳӣ ва тавлиди анвои ҷангафзорҳо ва адавоти низомӣ мутаносиб бо ниёзи дифоии кишвар ва бо технологияҳо ва стандартҳои рӯзи ҷаҳонӣ, тавонист кишварро аз авҷи вобастагӣ ба бегонагон ба қуллаҳои худкафоӣ ва иқтидор бирасонад ва Ҷумҳурии Исломии Эронро табдил ба қутби иқтидори дифоӣ ва боздорандагӣ дар минтақа намояд.
Матни комили ин баёния ба шарҳи зер аст:
Бо пирӯзии Инқилоби исломии Эрон ва фурӯпошии ҳукумати вобастаи Паҳлавӣ ва поёни истилои мусташорони низомии амрикоӣ бар муқаддарот ва умури нерӯҳои мусаллаҳи кишвар, фасли тозае аз худкифоӣ, пӯёӣ ва пештозӣ дар дастовардҳои дифоӣ рақам хӯрд ва бо қатъи яд(даст)-и низоми султа аз сармояҳои ин марзу бум ва бо вуҷуди чаҳор даҳа таҳрими ҳамаҷониба ва золимона, саноати дифоии кишвар ба пуштвонаи мутахассисин ва нухбагони мӯъмин ва мутааҳҳиди худ табдил ба яке аз мазоҳири рушд, таолӣ ва боландaгӣ шуда ва пешрафтҳои бузург ва таҳсинбарангезеро дар ин соҳа рақам задааст.
Дастовардҳои фарзандони миллат дар соҳаҳои мухталифи мушакӣ, таслиҳотӣ, фазоӣ ва тарроҳӣ ва тавлиди анвои ҷангафзорҳо ва адавоти низомӣ мутаносиб бо ниёзи дифоии кишвар ва бо технологияҳо ва стандартҳои рӯзи ҷаҳонӣ, тавонист кишварро аз авҷи вобастагӣ ба бегонагон ба қуллаҳои худкифоӣ ва иқтидор бирасонад ва Ҷумҳурии Исломии Эронро табдил ба қутби иқтидори дифоӣ ва боздорандагӣ дар минтақа намояд. Миллати шарифи Эрон дар сояи иттиҳод ва басират, натоиҷи ин шукӯҳ ва иқтидорро дар ҷанги таҳмилии 12 рӯзаи ахир ба чашми худ мушоҳида намуд ва бар лузуми тавлиди маҳсулоти дифоии боздоранда сиҳа гузошт, ҳамчунин расонаҳои мухталифи ҷаҳон низ борҳо ба пӯшиши қудрати ҳайратангези мушакии кишвари азизамон пардохтанд ва душманони Ҷумҳурии Исломии Эрон дарёфтанд, ки дар посухи ҳар моҷароҷӯӣ ва хатои муҳосиботӣ дар минтақа, шаппотии бисёр маҳкаме аз нерӯҳои мусаллаҳи муқтадири Эрон дарёфт хоҳанд намуд.
Вазорати дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо табрики ин рӯзи бошукӯҳ ба хонаводаи бузурги саноати дифоии кишвар ва посдошти мақоми шаҳидони гиромиқадри Инқилоби исломӣ ва дифои муқаддас, бавижа шуҳадои Дифои муқаддаси дувоздаҳрӯза, бо иттико ба таҷориб ва андӯхтаҳои ношӣ аз муҷоҳидатҳои 46-солаи ахир дар чорчӯби тадбирҳо ва фаромини Фармондеҳи муаззами кулли қувво бо тавлид, сохт ва омодасозии таслиҳот ва таҷҳизоти пешрафта ва фанноварона барои посухгӯӣ ба таҳдидоти душманон ва низ таъмиқи дипломатияи дифоии фаъол; ва бо такя бар тавони бумӣ, бори дигар бо мақоми муаззами Раҳбарӣ ва фармондеҳии муаззази кулли қувво Ҳазрати имом Хоманаӣ таҷдиди байъат намуда ва зимни тааҳҳуд ва пойбандии худ ба ормонҳои волои Инқилоби исломӣ эълом медорад, коркунони хидматгузор ва вилоятмадори ин вазоратхона дар ростои тавлид ва бозтавлиди қудрат, таҷҳиз, таслиҳи нерӯҳои мусаллаҳ ва тақвияти пояи дифоии кишвар аз ҳеҷ кӯшише фурӯгузор нахоҳад кард.