Русия бо рӯзи таъйиншуда барои хуруҷи Амрико аз Афғонистон мухолифат кард
Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон гуфт, тасмими Амрико барои таъхир дар раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то моҳи сентябр, раванди сулҳ дар ин кишварро душвор мекунад.
Ба гузориши ИРНА, Замир Кобулов, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин эълом кард: Тасмими рӯзи сешанбеи давлати Амрико барои хориҷ кардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар 11 сентябр, нақзи тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи Толибон аст.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико пештар эълом карда буд, ки барои давлати ин кишвар хориҷсозии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон то аввали моҳи майи 2021 душвор хоҳад буд, аммо Вашингтон ҳеч қасде барои боқӣ гузоштани нерӯҳо дар Афғонистон то соли оянда надорад.
Бар асоси тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи Толибон дар феврали соли 2020 дар Доҳаи Қатар, Амрико бояд нерӯҳои худро то аввали моҳи майи 2021 аз Афғонистон хориҷ кунад.
Гурӯҳи Толибон ба давлати Байден дар мавриди иҷро накардани тавофуқномаи сулҳ барои хуруҷи тамоми нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон дар аввали моҳи майи 2021 ҳушдор додааст.
Бештар бихонед:
- НАТО аз Афғонистон меравад
- Ибрози нигаронии Русия дар бораи эҳтимоли хориҷ нашудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон
- Эътирози Толибон ба тасмими Конгресси Амрико дар бораи хуруҷ аз Афғонистон